Илон Маск яке аз маъруфтарин соҳибкорон ва навоварони асри XXI ба ҳисоб меравад. Ӯ бо андешаҳои бузург ва ҷуръат тавонист соҳаҳои гуногун-аз мошинсозӣ то кайҳоннавардиро дигаргун созад. Имрӯз номҳои Tesla, SpaceX ва Neuralink бо номи ӯ зич алоқаманданд.
Роҳи ӯ аз куҷо оғоз ёфт?
Илон Маск 28 июни соли 1971 дар шаҳри Преторияи Африқои Ҷанубӣ таваллуд шудааст. Падараш муҳандис ва модараш модел ва диетолог буд. Дар кӯдакӣ ӯ писари ором ба ҳисоб мерафт ва дар мактаб борҳо мавриди масхара қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ин, Маск китобхонӣ, компютер ва технологияро бисёр дӯст медошт.
Ӯ дар синни 12-солагӣ ба барномасозӣ шавқ пайдо кардааст. Аввалин бозии оддии компютерии худро эҷод намуда, онро бо нархи 500 доллар фурӯхтааст. Ин шавқи барвақт ба технология заминаи роҳи ояндаи ӯ гардид.
Муҳоҷират ва таҳсил
Пас аз хатми мактаб, Маск ба донишгоҳи Претория дохил шуд, аммо баъд аз муддате ба Канада кӯчид. Баъдан таҳсилашро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дода, дар Донишгоҳи Пенсилвания дараҷаи бакалаврро аз рӯйи иқтисод ва физика гирифт. Дар ин давра ӯ бештар ба таҷрибаҳои амалӣ ва стартапҳо таваҷҷуҳ дошт.
Қадамҳои аввал дар бизнес
Соли 1995 Маск ҳаммуассиси ширкати Zip2 шуд, ки ба таҳияи барномаҳои комютерӣ машғул буд. Пас аз фурӯши ин ширкат ӯ 22 миллион доллар ба даст овард. Лоиҳаи навбатии ӯ X.com буд, ки баъдтар ба PayPal табдил ёфт. Соли 2002 PayPal бо маблағи 1,5 миллиард доллар фурӯхта шуд ва саҳми Маск аз ин 180 миллион долларро ташкил дод. Ин аввалин муваффақияти бузурги молиявии ӯ буд.
Tesla - инқилоб дар мошинсозӣ
Дар замоне ки бисёриҳо ба ояндаи мошинҳои барқӣ бовар надоштанд, Илон Маск ба ин соҳа сармоягузорӣ кард. Ӯ ба ширкати Tesla ҳамроҳ шуда, бо хатарҳои зиёд онро рушд дод. Ҳарчанд солҳои аввал ширкат қариб муфлис шуд, бо сабр ва эътимод ба идея Tesla имрӯз ба яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар истеҳсоли мошинҳои барқӣ табдил ёфтааст.
SpaceX - орзуи кайҳонӣ
Соли 2002 Маск ширкати «SpaceX»-ро таъсис дод. Ҳадафи асосии он кам кардани хароҷоти парвозҳои кайҳонӣ ва омода кардани инсоният барои зиндагӣ дар сайёраҳои дигар буд. Дар оғоз чандин партоби мушакҳо ноком шуданд, аммо ӯ таслим нашуд. Ниҳоят, SpaceX аввалин ширкати хусусӣ гардид, ки мушакро бомуваффақият ба кайҳон фиристода, бозгардонд.
Соли 2018 бо истифода аз мушаки Falcon Heavy автомобили шахсии Маск -Tesla Roadster ба кайҳон партоб шуд. Ин амал рамзи ҷуръат ва навоварии ӯ ба ҳисоб мерафт. Хизматҳои Маск аз ҷониби Ҷамъияти шоҳигарии Лондон қадр шуда, соли 2018 ӯ узви он интихоб гардид. Соли 2021 маҷаллаи «Time» Илон Маскро «Одами сол» эълон кард.
Neuralink – пайванди инсон ва технология
Ширкати «Neuralink» бо ҳадафи омӯзиши мағзи инсон ва пайваст кардани он бо компютер таъсис ёфтааст. Ин лоиҳа барои кумак ба беморон ва рушди қобилиятҳои инсон дар оянда равона шудааст. Лоиҳаи мазкур яке аз ҷасуртарин ташаббусҳои Маск ба шумор меравад.
Сирри муваффақият дар чист?
Ба гуфтаи Илон Маск, инсон бояд фикри бузург дошта бошад, аз хато кардан наҳаросад ва дар лаҳзаҳои душвор сабр нишон диҳад. Ӯ бовар дорад, ки меҳнати пайваста, таваккал ва эътимод ба худ метавонанд ҳатто орзуҳои ба назар ғайриимконро амалӣ созанд.
Илон Маск намунаест, ки чӣ гуна як ҷавони оддӣ метавонад бо заҳмату ирода ба шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
У. РАҲИМЗОДА