Президенти нави ИМА Доналд Трамп корро аз ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Амрико оғоз намуд.
Ба думболи Русия Амрико низ аз паси “шикор”-и муҳоҷирони ғайриқонунӣ шуда, пулиси ин кишвар ҳамарӯза садҳо нафар муҳоҷиронро боздошт ва бо иттиҳоми надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ихроҷ маҳкум месозад. Дар байни шахсоне, ки аз Амрико бояд “депортатсия” карда шаванд, номи қариб 150 нафар зодагони Тоҷикистон низ ҳаст.
Хабаргузории "Fox News" дар такя ба хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) ИМА рӯйхати 1 миллиону 445 ҳазор 549 шаҳрванди хориҷиро нашр намудааст, ки аз қаламрави Амрико бояд ихроҷ карда шаванд. Дар ин рӯйхат номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст. Дар қатори шахсони аз Амрико ихроҷшаванда 3518 шаҳрванди Русия, 975 нафар аз Ӯзбекистон, 369 нафар аз Қазоқистон, 319 нафар аз Қирғизистон ва 40 нафар аз Туркманистон ҳастанд, ки қарори ниҳоӣ дар бораи ихроҷашон алакай содир шудааст.