Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади эмин мондани гулу бутта ва навниҳолон аз касалиҳои занбӯруғӣ ва дигар ҳашароти зараровар дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ тадбирҳои безараргардонӣ амалӣ мешаванд.
Чунин тадбири безараргардонӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ гузаронида шуд. Ин тадбири биологӣ имкон медиҳад, ки гулу буттаҳо ва навниҳолон аз мубтало гардидан ба касалиҳои занбӯруғӣ эмин нигоҳ дошта шаванд.
Мақомоти шаҳрдории пойтахт тасмим гирифтааст, ки дар дигар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ низ чунин тадбирҳо гузаронад.