15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бинои хуштарҳу замонавии Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.
Бинои муҳташами таълимӣ 3-ошёна буда, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои 840 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Дар гимназия беш аз 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамояд. Даргоҳи нави маърифат аз 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла биология, химия, физика, математика, синфхонаҳои компютерӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Бинои муассисаи таълимӣ ҳамчунин дорои ошхона бо 80 ҷой буда, толори маҷлисии он бо санъати баланд ва шароиту имконоти муосир бунёд ёфтааст. Толор дорои 220 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ мувофиқ мебошад.
Таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикӣ ва русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои зебои таълимӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз ёфта, бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мактаби сохташавандаи Бадахшон” аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кохи сафед” бо риояи санъати хоси меъмории миллию аврупоӣ ба анҷом расидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои боз ҳам такмил додани дониш ва рушди истеъдоду маҳорати хонандагони болаёқати ноҳияи Дарвоз имконияти хуб фароҳам омад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити замонавии таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ба масъулон маслиҳатҳои муфид доданд.
Даргоҳи маърифат дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ буда, тариқи он синфхонаҳо дар фасли сармо гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Дар ноҳияи Дарвоз айни ҳол 48 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 4200 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 607 омӯзгор ба насли наврас дарс меомӯзад.