Sebiston new 2024 october
Ифтитоҳи боз як корхонаи нав бо иштироки Президент
585

 

 

Имрӯз, 18-ноябр бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода дода шуд. Корхонаи нав дар як моҳ то 5000 ҷуфт пойафзол истеҳсол менамояд.

Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, 20 нафар корма ндонро боҷ ойик ори доимӣ таъмин менамояд. Айни замон дар ин корхона 50 намуд пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагона мебошад. Дар марҳилаи дуюм дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидӣ ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани технологияи муосир ва таъсиси корхонаи нави саноатиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” шинос шуданд.

Заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самти асосии фаъолияти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-ро ташкил медиҳад. Зимни муаррифии маҳсулоти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба истеҳсолоти босифати рақобатпазир ҷалб намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда муаррифӣ карда шуд. Навсозии минтақаи холискории металҳои қимматбаҳо, лоиҳаи коркарду безараргардонии партовҳои радиоактивӣ, бунёди Маркази муосири логистикӣ бо 100 ҷойи корӣ, таъсиси корхонаи муштараки коркарди қоғазпора ва истеҳсоли маҳсулот аз он, коргоҳи тавлиди зарф ва қубурҳои полиэтиленӣ ва бунёди ду бинои баландошёнаи истиқоматию хизматӣ аз ҷумлаи нақшаҳои ояндаи корхона мебошад.

Пешвои миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа ва мутахассисони корхона барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармоя, барқароркунии иқтидорҳои бекормонда, васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолӣ дар асоси технологияи тавлидкунандаи маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот супоришҳои мушаххас доданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД