arzon replenishment
ИДИ ҚУРБОН КАЙ БАРГУЗОР МЕШАВАД?
2146


Ҳамасола фарорасии иди қурбонро хурду калон бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро ин ид барои мардуми мусалмон яке аз ҷашнҳои хеле муҳими динӣ ба шумор меравад.

Одамони сарватманд қаблан ба ид тайёрӣ дида, бо мақсади қурбонӣ кардан ягон моли солим, маъмулан гӯсфанд ё гов мехаранд ва онро парвариш менамоянд, то ки фарбеҳ ва қурбонибоб гардад, зеро тибқи фармудаҳои дини мубини ислом моли қурбонӣ бояд бе нуқсон бошад.

Қурбонӣ кардан аз замонҳои Ҳазрати Иброҳим сарчашма мегирад. Тибқи ривятҳои динӣ, Худованд ба хотири санҷидани садоқати паёмбар амр мекунад, ки писараш Исмоилро қурбонӣ намояд. Ҳазрати Иброҳим аз амри худо сарпечӣ накарда, ба хотири ризои Офаридгор фарзанди дилбандашро ба қурбонигоҳ мебарад ва дасту пояшро баста, кордро ба гӯлӯяш мемонад, то ӯро қурбонӣ кунад.

Парвардигор ба садоқати паёмбар боварӣ ҳосил намуда, гӯсфанди калону зебоеро мефиристад, то ба ҷойи Исмоил қурбонӣ кунанд. Ҳамин тавр, қубонӣ кардан ба ҳукми анъана даромада, мусалмонон ба хотири дарёфти ризои Худованд ва шустани гуноҳҳои худ ҳар сол дар рӯзи иди қурбон ягон моли бенуқсонеро қурбонӣ мекунанд, вале соли гузашта бо сабаби пандемия ин ид ба таври бояду шояд таҷлил карда нашуд.

Хушбахтона, имсол мадуми тоҷик метавонанд иди қурбонро ҷашн бигиранд ва аллакай санаи баргузории ид низ маълум шудааст. Спутник дар такя ба як манбаи худ дар Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон навиштааст, ки иди қурбон рӯзи сешанбе, яъне 20-июл барпо мешавад, вале ҳанӯз маълум нест, ки намози ид дар куҷо ва чи тавр мегузарад, зеро ситоди ҷумҳурияӣ оид ба мубориза бо коронавирус ҳанӯзтасмими худро дар ин бра эълом надоштааст .

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД