arzon replenishment
Иди Қурбон дар Тоҷикистон 6-уми июн таъин шуд
29.05.2025
Oila.tj
206

Санаи баргузории Иди Қурбон дар кишвар аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 6-уми июн таъин карда шуд.

Мувофиқи қарори Шӯрои уламо, намози Иди Қурбон соати 5:45 дақиқа дар масҷидҳои кишвар хонда мешавад.

Имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, ниёзмандон, танзими идгардаки кӯдакон ва зери назорат қарор додани онҳо, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзи ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.

Гуфта мешавад, имомхатибон ва комиссияи одоб, ки дар масҷидҳо фаъолият менамоянд, бояд дар рӯзи ид навбатдории шабонарӯзиро барои таъмини амнияти намозгузорон ба роҳ монанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД