Sebiston new 2024 october
Иди шикам
1551

 

Ба фарорасии соли нави мелодӣ рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд ва имрӯзҳо дар ҳар як хонадон омодагӣ ба ин ид бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Соли нав аз зумраи идҳои дӯстдоштатарини мардуми мо ба шумор рафта, хурду калон онро бесаброна интизорӣ мекашанд. Аксарият ҷашни соли навро нимшӯхию нимҷидддӣ “Иди шикам”меноманд, зеро дар шаби соли нав кадбонуҳои моҳири тоҷик, ки панҷ панҷаашон ҳунар аст, дастурхонро бо хӯрданиҳои лазизи рангоранг пур мекунанд. Албатта дастурхони бомазза табъи касро болида мегардонад, вале андозаро нигоҳ бояд дошт, зеро дар акси ҳол кас бемор шуда, соли навро дар беморхона пешвоз мегирад ё мариз шуда, ба бистари беморӣ меафтад.

Қоидаҳои хӯрокхӯрӣ дар шаби соли нав
Барои он ки беморӣ табъи идонаи шуморо вайрон насозад, ба чанд қоидаи оддӣ бояд риоя намуд.
1. Дар шаби соли нав бо шиками тамоман гурусна сари миз ё дастурхони идона нишастан мумкин нест. Аксаран маҳз ана ҳамин гуруснагии сахт боиси он мегардад, ки кас ҳамаи хӯрданиҳоро омехта карда, ба дарунрав гирифтор шавад. 
2. Барои он ки ба меъдаатон душворӣ наорад, бегоҳ, тахминан аз соатҳои 6-7 бо аҳли оила ё дӯстонатон кам-кам чизҳои сабук хӯрда, хӯрокҳои асосиро шабона-наздикиҳои фарорасии соли нав истеъмол намоед.
3. Кӯшиш накунед дар шаби соли нав болои дастурхонатонро чунон пур кунед, ки барои пиёламонӣ дигар ҷой намонад. Беҳтараш аз рӯйи шиори “кам бошаду хуб бошад” амал намуда, танҳо ҳамон хӯриш ва ғизоҳоеро тайёр кунед, ки бе онҳо соли нав маънӣ надорад.
4. Барои омода намудани таомҳои идона маҳсулоти хушсифатро харидорӣ намоед.
5. Фаромӯш нак унед, ғизоҳое, ки шумо ба дастурхони солинавӣ мегузоред, бояд тоза ва бе зарар бошанд.
6. Имсол соли нав ба рӯзҳои истироҳат, яъне шанбею якшанбе рост меояд,бинобар ин, чанд рӯз пеш ягон хӯриш ё таомро тайёр карда, онро то рӯзи ид нигоҳ надоред. Хавфи вайрон шудани ғизо ва заҳролуд шудани аҳли оилаву меҳмонон вуҷуд дорад.
7. Дар ёд дошта бошед, ки ҳатто дар тозатарин яхдон ҳам миқдори зиёди микробҳо зиндагӣ мекунанд ва метавонанд дар як лаҳза ба ғизоҳое, ки шумо ба яхдон мегузоред, ҳуҷум кунанд. Тамоми маҳсулот ва ғизоҳоро қабл аз гузоштан ба яхдон бо плёнкаи махсус (Пищевая пленка) пӯшонед ё ба зарфҳои даҳонашон маҳкам андохта, баъд дар яхдон монед.
8. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ ғизоро нағзакак хоида, баъд фурӯ баред. Ин амал шуморо ба зудӣ аз ҳиссиёти гуруснагӣ наҷот дода, аз меъёр зиёд хӯрок хӯрданатонро пешгирӣ менамояд ва ҳамзамон ҳазми ғизоро барои меъда осон мегардонад.
9. Муворфиқи имконият тез-тез аз сари дастурхон бархоста ба кӯча ҳавохӯрӣ бароед. Ин ба тезтар ҳазм шудани ғизо ёрӣ расонида, ҳамзамон асабатон ором мешавад.

Дар шаби ид чиҳо хӯрдан мумкин аст?
Дастурхони солинавиро бидуни хуришҳо тасаввур кардан ғайри имкон аст, вале аксаран маҳз хӯришҳо боиси заҳролуд шудани одамон дар рӯзҳои ид мегарданд. Кадом хуришҳо зарар доранд ва барои безарар гардониданашон чи бояд кард?
Оливье
Яке аз маъмултарин хӯришҳои солинавӣ ин “Оливия” мебошад. Барои он ки хӯриши дӯстдоштаатон дар шаби ид ба саломатии шумо ягон хатар эҷод накунад, беҳтараш ба ҷойи ҳасиб ба он гӯшти мурғ ё забони гов андозед. Ба ҷойи бодиринги шӯр, агар ба хӯриш бодиринги тару тоза андозед, нурал алонур мешавад. Барои он ки хуриш безарар бошад, майонези равғаннокиаш камро истифода баред.

Фируза Саттори, [29.12.2023 11:52]
Винегрет –бисёриҳо ин хуришро чандон писанд намекунанд ва зеби дастурхони идона намеҳисобанд, вале дар асл винергрет хӯриши хеле муфид буда, хатари заҳролудшавӣ аз он хеле кам аст. Аз ҳамин сабаб ба шумо маслиҳат медиҳем, ки ҳатман барои дастурхони солинавиатон ин хуришро омода созед.
Холодец —беҳтараш онро рӯзи 1-январ истеъмол кунед, зеро дар таркибаш сафедаи бисёр дошта, барои саломатӣ фоиданок аст.
Моҳӣ-дар дастурхони солинавӣт ҳатман бояд бошад. Моҳи дар таркибаш коллагени зиёде дошта, ба пӯст ва мушшакҳо фоида дорад.
Хӯришҳои шӯрак-ба шахсоне, ки мушкилоти меъдаю рӯда доранд ё ба касалиҳои дил ва рагҳои хунгарди он гирифторанд, маслиҳат дода мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар шаби соли нав бодирингу помидорӣ шӯр ва дигар хӯроку хӯришҳои тезу тунд ва шӯр истеъмол накунанд.
Мурғ ва гӯштбирён-дар ёд дошта бошед, ки ҳазм кардани хӯрокҳои бирёни барои меъдаи инсон хеле душвор аст, махсусан агар гӯшт серравған бошад. Бе мурғбирён натавонед, кӯшиш кунед,ки онро ба миқдори хеле кам хӯред. Гӯшти мурғи марҷон зудтар ҳазм мешавад, бинобар ин, беҳтар мебуд, ки маҳз ҳамин навъи гӯшро харидорӣ кунед. Мурғ ё гушт дар бӯғ пухта шуда бошад, беҳтар аст.
Мандарин-меваи асосии солинавӣ ба шумор меравад, вале дар хӯрданаш ба андоза риоя кардан шарт аст. Солим мондан хоҳед, набояд дар шаби соли нав набояд бештар аз 2-3 мандарин хӯред. Банан васеб хӯрдан дар шаби соли нав беҳтар аст.
Нӯшокиҳо
Шампон- бисёриҳо онро безарар мешуморанд, вале дар асл дар дунё ягон нӯшокии спиртии бе зарар вуҷуд надорад. Нанӯшед беҳтар аст, вале бе ин ид маънӣ надорад гӯед, як-ду ҷом нӯшидан кофӣ аст. Фаромӯш накунед, ки нӯшокиҳои спиртиро танҳо дар шиками сер менӯшанд.
Обҳои газнок
Дар хотир дошта бошед, ки дар ҳар як бокал оби газнок аз се то шаш кубик қанд мавҷуд аст. Зарари дигари нӯшокиҳои газнок дар он аст, ки бо сабаби хунук буданашон касро бе дарди гулӯ ва дигар бемориҳо гирифтор карда метавонанд. Аз ҳад зиёд нӯшидани нӯшокиҳои газнок метавонад боиси дамиш кардани шикам низ гардад. Албатта беҳтар аст, ки ба ҷойи обҳои газнок шумо шарбат, яъне сок ва компот нӯшед, вале “соли нав бе обҳои рангоранги газнок бе рангу бӯй аст” гӯед, кӯшиш кунед, ки ин обҳоро бештар барои ороиши дастурхони идонаи худ истифода бурда, аз онҳо камтар бинӯшед.

Ин буд чанд маслиҳати муфиди солинавӣ ба мухлисони “Оила”
Дар соли нав бароятон тани сиҳат, хотири шод ва бахту иқболи некро орзумандем. Соли наватон муборак!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД