Arzon march 2024
Иброҳим ба хотири Зулайхо аз зану фарзандаш ҷудо шуд?
1986

 

Ҳунарманди машҳури турк Иброҳим Челиккол, ки дар сериали машҳури “Рӯзгороне дар Чукурово” нақши ошиқи нави Зулайхо Ямонро мебозад, ҳафтаи гузашта аз ҳамсараш расман ҷудо шудааст.

Овоза ё ҳақиқат?

Сару садоҳо дар бораи носозгории Иброҳим Челиккол бо ҳамсараш қариб як сол пеш пайдо шуда бошанд ҳам, мухлисони ҳунарпеша ба ин возаҳо бовар намекарданд. Онҳо гумон доштанд, ки блогерҳо ба хотири ҷалби бештари мардум ба маводҳои худ махсус ин овозаю ҳангомаҳоро бофта мебароранд, вале билохира, ҳақиқат рӯйи об баромад.

Вақте ки ишқ мемирад...

Умеди мухлисони Иброҳим Челиккол дар боби он ки ҳунарпеша бо ҳамсараш оштӣ карда, оилаи худро аз парокандагӣ наҷот мебахшад, барбод рафт, зеро ҳафтаи равон расонаҳои туркӣ аз расман бекор шудани ақди никоҳи Иброҳим Челиккол ва ҳамсараш Меҳрӣ Челиккол хабар дода, ҳатто ҳуҷҷати бекор шудани никоҳи онҳоро чоп карданд. Тибқи маълумоти расонаҳо ақди никоҳи Иброҳим Челиккол ва Меҳрӣ Челиккол санаи 11 май аз ҷониби суд расман бекор карда шудааст. Маъмулан, вақте ки зану шавҳар аз ҳам ҷудо мешаванд, аз ғояти қаҳру ғазаб ва аламу намедӣ тамоми ифлосиҳои дунёро ба сари якдигар мерезанд ва то метавонанд ҳамдигарро дар чашми мардум баду сиёҳ мекунанд, вале Иброҳим ва ҳамсараш Меҳрӣ Челиккол бе ягон ҷангу ҷанҷол ҷудо шуданд. Барои бекор намудани ақди никоҳи онҳо фақат як мурофиаи судӣ гузаронида шудааст, зеро Иброҳим Челиккол ва ҳамсараш бо розигии дутарафа аз ҳам ҷудо шуда, нисбати ҳамдигар ягон даъво надоштанд. Иброҳим ва Меҳрӣ бар он ақидаанд, ки вақте ишқ мемирад, дигар барои наҷот додани оила талош намудан ва кӯшиши бо зӯрӣ нигоҳ доштани бахтро намудан камоли беақлист, аз ҳамин хотир бидуни баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол ҷудо шуда ба ҳамдигар озодии комил доданд.

Қимати озодии мард чанд аст?

Дар Туркия анъанае роиҷ аст, ки вақте ҳамсарон бо розигии дуҷониба, бидуни баҳсу даъво ҷудо мешаванд, аҳдномаи махсус мебанданд, ки дар он ӯҳадориҳои тарафайн дарҷ гашта, ҳеҷ яке аз тарафҳо набояд онро вайрон намояд. Ибрҳим ва Меҳрӣ низ чунин аҳднома бастаанд. Тибқи ин ҳуҷҷат писарашон Алӣ бо модараш Меҳрӣ Челиккол монда, Иброҳим Челликкол ҳар моҳ ба фарзандаш 9, 5 ҳазор лира алимент медиҳад. Ҳунарманд бар замми ин, ҳар моҳ ба собиқ ҳамсараш Меҳрӣ низ 35000 лира медиҳад ва тамоми хароҷотҳои зиндагии ӯро аз пули обу барқ ва андози хона сар карда, то хӯроку пӯшок, хизматрасониҳои тиббию кошонаи ҳусн, хариди зару зевар ва ғайра пардохт менамоянд.

Актёр нисфи боигариашро ба ҳамсараш бахшид

Эҳтимол шумо гумон кунед, ки бо ҳамин ҷони Иброҳим Челиккол халос шуда, метавонад ба осонӣ дубора бо ягон зебосанам хонадор шавад, вале ҷудоӣ аз ҳамсараш ба ин ҳунарманди машҳури турк чандон арзон наафтидааст. Иброҳим Челиккол тибқи қонун нисфи боигариашро ба собиқ ҳамсараш Меҳри Челиккол бахшид ва илова бар ин мошини нави хориҷиро, ки ба як ширкати хусусиаш тааллуқ дошт, ба номи модари писараш гузаронд.

Талоқ дарднок нест, агар...

Зани тоҷик, агар аз шавҳараш ҷудо шавад, аз хона ронда шуда, умре дар ба дару хк бар сар шуда, ба гирдоби дарду ғам гирифтор мешавад, вале дар Туркия ин тавр нест. Тибқи қонунҳои Туркия, мард вақте аз занаш ҷудо мешавад, сарфи назар аз он ки оила бо айбу гуноҳи кӣ вайрон шудааст, ӯҳдадор аст, ки нисфи дороияшро ба собиқ ҳамсараш бахшида, то дами дубора ба шавҳар баромадани ӯ тамоми хароҷотҳои зиндагиашро бар дӯши худ бигирад ва барои зани талоқшудаашро як зиндагии шоиста фароҳам оварад, то ки зан азоб накашад.

Шояд аз ҳамин хотир Меҳрӣ Челиккол аз он ки аз шавҳараш ҷудо шуда, номи бевазанро гирифт, заррае ғамгин нест, зеро бе шавҳар монда бошад ҳам, нисфи боигарии Ибрҳим Челикколро соҳиб шуд ва бар замми ин, то пайдо шудани марди дигари муносиб ва дубора ба шавҳар баромаданаш падари фарзандаш Алӣ тамоми хароҷотҳои зиндагиашро пардохт мекунад ва ӯ мисли малика мошинсавор кайфу сафо карда мегардад.

Ф. Сатторӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД