Ибодат Раҷабова аз зумраи бонувони қавииродае мебошад, ки ҳаргиз аз роҳи интихобкардаи худ қафо намегарданд. Достони зиндагии ин зани зебо ва кушодачеҳраю меҳрубон хеле аҷиб ва ибратбахш аст.
Сарояндагию навозандагиро аз модарам омӯхтам
“Ман дар оилаи корманди милитсия ба дунё омада бошам ҳам, ҳанӯз, аз овони кӯдакӣ дар дил орзуи санъаткор шуданро мепарваридам. Меҳри санъат бо шири модар дар вуҷудам маъво гирифтааст гӯям, хато намешавад, чунки навозандагию сарояндагиро аз модарам омӯхтаам. Модарам як зани одии порсову покдомони деҳотӣ буданд, вале санъатро сахт дӯст медоштанд. Ёд дорам, чӣ тавр дар чағдег дӯғ кашида истода, зери лаб ягон таронаи халқиро замзама мекарданд ва нисфирӯзиҳо фориғ аз кору бори хона лабчангу доира менавохтанд. Ман, ки духтари хурдии хонавода будам, рӯзи дароз думболи модарам гашта, сурудхонию мусиқинавозии очаҷонамро дида, орзу мекардам, ки сарояндаи номдор шавам. Дар тамоми чорабинию маҳфилҳои мактабӣ баромад карда, суруд мехондам, вале ба ҷодаи санъат хеле дер омадам”,- қисса мекунад овозхони амсабли овозадори “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон Ибодат Раҷабова.
Тақдири келини сарпасту чаққон
Оре, расидан ба қуллаи мурод барои Ибодат Раҷабова чандон саҳлу осон набуд. Пас аз хатми мактаби миёна тибқи анъанаи мардуми деҳот ӯро ба зудӣ ба шавҳар доданд ва Ибодат мисли дигар духтарони тоҷик орзую ҳаваси сарояндагиро дар як гӯшаи дилаш пинҳон намуда, аз паси хизмати хусуру хушдоман ва аҳли оилаи шавҳараш шуд.
“Дар бораи бо ҳамдигар забон наёфтан ва ҷангу ҷанҷоли келин бо хоҳаршӯй ва хусуру хушдоман бисёр мегӯянду менависанд, вале муносибати аҳли оилаи шавҳарам бо ман хеле хуб буд. Азбаски ҳамаи пайвандон ва хешу табори шавҳарамро сахт ҳурмату эҳтиром намуда, бо ҷону дил хазматашонро ба ҷо меовардам, сахт дӯстам медоштанд. Келини чаққон ва таърифӣ будам, аммо аз тақдиру насиб ҷойи гурез набудааст. Вақте ки бо амри қисмат аз шавҳарам ҷудо шудам, натанҳо хусуру хушдоманам, балки ҳама хешу табори шавҳарам зиқ шуданд, чунки барои онҳо ман фақат келин не, балки мисли аъзои хонадони худашон будам. Ҳарчанд аз писари онҳо ҷудо шуда бошам ҳам, хусуру хушдоманам ба ман дуои сафед доданд. Фикр мекунам, ки маҳз бо дуои неки падару модар ва хусуру хушдоманам ман дар зиндагӣ роҳи худро пайдо карда, ба ҷодаи ҳунар роҳ ёфтам”,- қисса мекунад Ибодат Раҷабова.
Шикасти бахт ва оғози шӯҳрат
Пас аз пош хӯрдани оилаи якумаш, Ибодат аз паси амалӣ намудани орзуҳои ширини худ гашта, рӯ ба санъат овард. Азбаски истеъдоди худодод ва садои дилнишин дошт, дар як муддати кӯтоҳ ба олами ҳунар роҳ ёфта, бо кӯмаку дастгирии устодаш, ҳунарманди нотакрор, зиндаёд, Давлатманди Хол дар амсабли овозадори “Фалак” ба кор даромад. Ин ҷавонзани ташнаи ҳунар ба таври ҷиддӣ аз паси рушди ҳунару маҳорати худ гашта, таронаҳои нав ба нав эҷод мекард. Ибодат Раҷабова дар бадали 10 сол тавонист 98 суруди дилнишин эҷод кунад, ки ин барои санъаткор комёбии ҳақиқӣ аст.
“Эҷод намудани қариб 100 суруд кори саҳлу осон нест. Пайдо кардани матни мувофиқ, оҳанги дилнишин, коркард ва танзими мусиқӣ, сабт ва пахши тарона, ҳамаи ин аз эҷодкор заҳмати фаровон ва бар замми ин, маблағи зиёде талаб мекунад. Шуморо дар роҳи ҳунар кӣ дастгирӣ карда, барои амалӣ гаштани орзуҳоятлон ёрӣ расонд?”,- мепурсем аз Ибодат Раҷабова. Ин зани фариштахисол табассуми ширине карда мегӯяд:
“Аз назари эҷодӣ устоди аввалинам, зиндаёд Давлатманди Хол маро хеле дастгирӣ карда, маслиҳатҳои хуб медоданд, дар интихоби шеър ва оҳанг кӯмак мекарданд, вале тамоми хароҷотҳои эҷодиам дар оғоз аз ҳисоби худам буд. Кӯшиш мекардам, ки натанҳо матну оҳанги суруд, балки сару либосам низ, ба таронае, ки месароям, мувофиқ бошад ва ба тамошобинон писанд ояд. Бо амри тақдир, баъдтар дубора шавҳар кардам ва ҳамсарам маро дар роҳи эҷод дастгирӣ намуда, сарпарастӣ мекардагӣ шуданд”.
Ишқе, ки аз телевизион оғоз ёфт
Маъмулан, занҳои ҳунарманд баъди оиладор шудан бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегарданд, зеро аксари мардони тоҷик намехоҳанд ҳамсарашон санъаткор бошад ва дар назди мардум ҳунарнамоӣ кунад. Ибодатро сарпарастӣ кардани шавҳараш ба назари банда хеле ҷолиб намуда, пурсидам:
- Одатан занҳои сарояндаро шавҳарашон ба тарки саҳна намудан маҷбур месозанд, вале шумо баръакс мегӯед, ки маҳз ҳамсаратон шуморо сарпарастӣ мекард. Магар шавҳаратон рашк намекунанд? Аслан, он кас чи кораанд ва чӣ гуна бо ҳам вохӯрдед?
Ибодат Раҷабова хаёлан ба дуриҳои дур парвоз карда, нақл мекунад: “Қиссаи ишқ ва ошноии мо хеле аҷиб аст. Ман, аслан аз хатлонзамин ҳастам, шавҳарам бошад, аҳли яке аз ноҳияҳои зебоманзари Бадахшон буда, бисёр марди санъатдӯстанд. Он кас сурудҳои маро аз телевизион шунида, ба қавле ошиқ шудаанду кофта-кофта, ба ҷустуҷӯям омаданд. Ҳамин тавр, мо риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайвастем. Шавҳарам бо тиҷорат сару кор доранд ва ҳамеша маро дастгирӣ намуда, сарпарастӣ мекарданд”.
Боварии шавҳарам ба ман неӯи тоза бахшид
Ибодат Раҷабова нақлашро идома дода, мегӯяд:
- “Ростӣ, як вақт худам бо сабаби овоза ва ҳангомаҳои бардурӯғе, ки баъзе одамон дар бораи занҳои санъаткор паҳн мекунанд, тарки саҳна кардан мехостам, вале шавҳарам монеъ шуда, гуфтанд, ки ҳамааш ба худи зан вобаста аст, агар дилаш пок набошад, дар кадом соҳае кор накунад, даст ба рафтори нолоиқ зада метавонад. Ман ба ту боварӣ дорам ва мехоҳам, ки санъататро идома диҳӣ. Суханони шавҳарам ва дастгирии иқтисодию маънавиаш ба ман нерӯи тоза бахшидаанд ва бо қувваи дучанд аз паси рушд додани санъатам гаштам”.
Домодҳоямро мисли писарам дӯст медорам
Ибодат Раҷабова модари ду гулдухтари нозанин буда, духтаронашро бо обрӯ ба шавҳар додааст. Ин хушдомани ҷавон ва ҳунарманд мегӯяд:
- “Ҳарчанд Худованд ба ман писар надода бошад ҳам, сад бор шукрона мекунам, ки ду гулдухтари нозанин ва ҳунарманду ботарбия дорам. Духтаронамро бо сари баланд ба шавҳар додам. Пайваста насиҳат мекардам,ки келини хизматгор ва сарпаст бошад. Вафодориро пеша намуда, шавҳарашонро содиқона дӯст доранд, хусуру хушдоман ва дигар аъзоёни оилаи шавҳарашонро ҳурмату эҳтиром намоянд. Ҳаргиз барои ягон камбудӣ ҷангу ҷидол накунанд, чунки умри инсон хеле кӯтоҳ буда, аслан кирои баҳсу талош ва дилозурдагӣ надорад”.
Кунҷковона мепурсам:
- “Домод барои хушдоман писар шуда метавонад?
Ибодат Раҷабова бо дилпурӣ ҷавоб медиҳад:
- “Дигаронро намедонам, вале ман домодҳоямро мисли писаронам дӯст медорам. Онҳо ҳам, ҳурмату эҳтироми маро ба ҷо меоранд. Аслан, дар зиндагӣ ҳама чиз дутарафа мешавад. Келин духтари хубу бамаънӣ бошад, ҳурмату эҳтиром кунад, албатта аҳли оилаи шавҳараш ӯро дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд, вале дилозор бошад, азизи дили онҳо гашта наметавонад. Дар навбати худ хусуру хушдоман ҳам бояд келину домодро мисли фарзанди худашон дӯст доранд ва роҳнамоӣ кунанд. Арӯс дар хонаи падару модараш, албатта тарбият мегирад, аммо фарҳанги хонадории оилаи шавҳар дигар аст ва хушдоман бояд корҳое, ки келин дуруст анҷом дода наметавонад, ё чандон сарфаҳм намеравад, бо меҳрубонӣ ба ӯ ёд диҳад, фаҳмонад, тарбият кунад. Мақсад, танҳо як чиз аст-хушбахтии ду ҷавон, пас ҳарду тараф ҳам, бояд барои мустаҳкам гаштани оилаи ҷавон кӯшиш намоянд”.
Аз пайи модар
Духтари хурдии Ибодат Раҷабова - Марҷона мисли модараш роҳи санъатро пеш гирифтааст. Дуэте, ки модару духтар дар якҷоягӣ сурудаанд, дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, мухлисони зиёде пайдо кардааст. Ибодат Раҷабова мегӯяд, новобаста ба он ки вай як зани ҳунарманд ва санъаткор аст, ҳаргиз кадбонуи хонадон будани худро фаромӯш намекунад. Аз ӯҳдаи пухтани тамоми хӯрокҳои миллӣ мебарояд ва ҳунарҳои занонаро аз овони кӯдакӣ худ намудааст. Ба духтаронаш низ, ҳунарҳои занонаро аз кӯдакӣ омӯхтаасту ҳамеша талқин мекунад, ки зан будани худро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароранд.
Мо ба ин ҳунарманди ширинсадо, зани вафодору боандеша ва модари меҳрубону хушдомани хирадманд парвозҳои баланди эҷодӣ ва хушбахтии оилавӣ хоҳонем.
Ф. САТТОРӢ