Arzon accountant
«HiBrand Pamir 2024»: Нафиса Имранова ва Фарҳод Калонов бо сокинони шаҳри Хоруғ дар бораи Тоҷикистону ҷаҳон ва фаъолияти худ суҳбат доштанд
18.07.2024
PROMO
836

Дар ВМКБ вохӯрӣ бо блогерони маъруф Нафиса Имранова ва Фарҳод Калонов баргузор гардид. Сокинони вилоят, ки ба саноати мӯд, инчунин ба сайру саёҳат ва соҳаи туризм таваҷҷуҳ доштанд, барои суҳбат бо онҳо имкон пайдо намуданд. Ташкили вохӯрии “HiBrand Pamir 2024”-ро ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба зимма гирифт.

«HiBrand Pamir» - лоиҳаи чандинсолаи ширкат буда, дар раванди он барои ҷомеаи касбӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон чорабиниҳои шаклашон гуногун гузаронида мешаванд. Иштирокчиёни лоиҳа дар бораи тамоюлҳои мубрам маълумот гирифтанд, дониши муфид пайдо карда, қиссаҳои илҳомбахшро дар хусуси муваффақият шуниданд.

photo_2024-07-18_13-27-53

Яке аз ровиёни вохӯрӣ дар ВМКБ тарроҳи боистеъдод ва муассиси бренди ZHIWJ - Нафиса Имранова буд. Вай дар Хоруғ ба дунё омадааст ва аз ин рӯ суҳбат гармиву самимияти хос пайдо кард. Нафиса дар бораи роҳи тайкардаи худ дар ҷаҳони мӯд, аҳамияти зодгоҳаш дар кори эҷодии ӯ нақл карда, ба саволҳои зиёди меҳмонон посух дод.

«Ман муддатҳост, ки мухлиси Нафиса ҳастам ва дидор бо ӯ орзуи деринаи ман буд. Гуфтаҳо дар бораи душвориҳои пасисарнамудаи вай ба ман нерую боварӣ бахшиданд. Ташаккури зиёд ба МегаФон Тоҷикистон барои вохӯрӣ!”,- мегӯяд иштирокчии “HiBrand Pamir 2024” Нурангез Назаршоева.

Меҳмони дуюми вохӯрии шаҳри Хоруғ сайёҳ Фарҳод Калонов буд, ки чанде пеш сайёҳати гирди оламро таҳти унвони «Мо тоҷикем-5. Беинтиҳоӣ ҳудуд надорад» анҷом дод. Ӯ дар давоми як солу ҳафт моҳ қаламрави 52 кишвари ҷаҳонро гузашта, 110 ҳазор километр роҳро тай намуд. Фарҳод дар бораи саргузаштҳои худ ва мавзеъҳои аҷибе, ки ба онҳо ташриф овардааст, сухан кард.

«Фарҳод Калонов қаҳрамони ман мебошад! Саргузашти ӯро шунида, пай бурдам, ки дунё беканор ва пур имконот аст. Ман худам низ хоҳиши анҷом додани ягон амали ғайриоддиро доштам. Ин вохӯрӣ то абад дар хотир боқӣ мемонад”,- таассуроти худро иброз дошт сокини шаҳри Хоруғ Мурод Аҳмадшоев.

«Нафиса ва Фарҳод илҳом мебахшанд!,- илова кард Алия Самадшоева.- Ба шарофати гуфтаҳои онҳо мо мефаҳмем, ки ҳеҷ чиз ғайриимкон нест ва орзуҳо амалишавандаанд. Ташаккур ба онҳо ва ташкилкунандагони ин вохӯрии хотирмон!».

1

«HiBrand Pamir 2024»: Нафиса Имранова и Фарход Калонов поговорили с жителями Хорога о Таджикистане, о мире, о себе

В ГБАО прошла встреча со знаменитыми блогерами Нафисой Имрановой и Фарходом Калоновым. Пообщаться с ними смогли жители региона, которые интересуются индустрией моды, а также путешествиями и сферой туризма. Организатором встречи «HiBrand Pamir 2024» выступил МегаФон Таджикистан.

«HiBrand Pamir» - многолетний проект компании, в ходе которого проводятся мероприятия разного формата для профессиональных и бизнес-сообществ Таджикистана. Участники проекта узнают об актуальных трендах, получают полезные знания, знакомятся с вдохновляющими историями успеха.

Одним из хедлайнеров встречи в ГБАО стала Нафиса Имранова, талантливый модельер и основатель бренда ZHIWJ. Она родилась в Хороге, что придало общению особую теплоту. Нафиса рассказала о своём пути в мир моды, о значимости родного города в её творчестве, ответила на множество вопросов гостей.

«Я давно слежу за творчеством Нафисы, и увидеть её было настоящей мечтой. Рассказы о трудностях, которые она преодолела, придали мне сил и уверенности. Большое спасибо компании «МегаФон Таджикистан» за встречу!»,- говорит участница «HiBrand Pamir 2024» Нурангез Назаршоева.

Вторым гостем Хорога стал путешественник Фарход Калонов, который недавно завершил кругосветку «Мы Таджики-5. Бесконечность не предел». За год и семь месяцев он проехал 52 страны, преодолел 110 тысяч километров. Фарход рассказал о своих приключениях и удивительных местах, которые ему удалось посетить.

«Фарход Калонов - мой герой! Слушая его рассказ, я понял, что мир огромен и полон возможностей. Захотелось самому совершить что-то необычное. Эта встреча останется в памяти навсегда»,- поделился впечатлениями житель Хорога Мурод Ахмадшоев.

3

«Нафиса и Фарход - настоящие вдохновители!,- добавляет Алия Самадшоева.- Благодаря их историям понимаешь, что нет ничего невозможного, хочется воплощать заветные мечты. Спасибо им и организаторам этой невероятной встречи!».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД