Ман Набиева Майсара, 41 сол дорам ва сокини деҳаи Одилии ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат мебошам. Бо Шарофиддин, ки аз зани марҳумаш 4 фарзанд боқӣ монда буд, ба шавҳар баромадам.
Шавҳарам омӯзгор буд ва зиндагиамонро бо маоши муаллимӣ таъмин мекард. Мутаассифона, баъди 10 соли ҳамзистӣ, шавҳарам аз бемории дил даргузашт ва ба мани танҳо чор фарзандашро амонат монд. Худам низ аз шавҳарам 3 фарзанд дорам, ки айни замон ҳамаашон мактабхонанд. Аз чор фарзанди шавҳарам ду нафарашонро ба шавҳар додам, писари сеюмам дар курси 3-юми Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил мекунад ва духтари хурдӣ бошад, ҳамин сол ба Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дохил гардид.
Таъмин кардани фарзандон бароям зӯр омад ва аз тангдастии зиёд ба Ҳукумати шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардам, то ҷойи коре бароям диҳанд. Чун дар курси омӯзишӣ хонда ва дорои сертификат будам, дар мактаби №56-и деҳаамон ба ҳайси муаллимаи касбу ҳунар қабулам карданд. Шукронаи Худованди бузург мекунам, ки касби омӯзгориро бароям насиб гардонид, вале маошам ҳамагӣ 170 сомонӣ аст. Бар зами ин, дар мактаб аз ман талаб карданд, ки бояд маълумоти олидор бошам, агар диплом надошта бошам, ба талабаҳо дарс гуфта наметавонам. Аз ин рӯ, ҳамин сол ҳуҷҷатҳоямро ба шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон супоридам ва шартномаи таҳсил бошад, 4500 сомонӣ аст.
То кунун 1000 сомониашро супоридаму халос. Ба номи ректори донишгоҳ ариза кардам, ки бо сабаби камбизоатӣ шартномаи таҳсилро 50%-а кунанд, аммо нашуд. Зиндагӣ бароям ниҳоят душвор омадааст, оилаамро таъмин карда натавониста истодаам. Бори ду фарзанди донишҷӯямро бардошта наметавонам. Бо панҷ фарзанд танҳо мондам, дар як хонаи вайронаи аз шавҳарам меросмонда зиндагӣ дорем, намедонам, ки сарамро ба куҷо занам, дардамро ба кӣ гӯям.
Рақами телефони Майсара: 900-15-17-07