Formula novemver 2024
Гузориши расмии КҲФ дар бораи селҳои рӯзҳои истироҳат
28.05.2024
ОИЛА.ТҶ
373

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар мавриди селҳои рӯзҳои истироҳат дар манотиқи Тоҷикистон гузориши расмӣ нашр кард.

ВАРЗОБ

25-уми майи соли 2024 наздик ба соати 13:30 дар ҳудуди деҳаи Шодоб-1 ҷамоати деҳоти Чорбоғ боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел аз теппаҳо шуд. Дар натиҷа 15 хоҷагии ёрирасони сокинон ва роҳи деҳа зери об монд. Таҳхонаи 5 сокинони деҳа низ пур аз селоба шуд.

Барои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷалб шуданд. Онҳо бо истифода аз насос оби таҳхонаҳоро берун кашиданд. Барои пешгирӣ аз харобиҳои бештар садди дарёи Лучобро дар ин минтақа бо ҷалби 9 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ва 200 нафар одам бо сангҳои бузург мустаҳкам карданд.

Айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор ва ҳаҷми зарари расидаро ҳисоб мекунад. Ин офат талафоти ҷонӣ ва хисороту харобии дигар надошт.

ШАҲРИНАВ

25-уми майи соли 2024, тахминан соати 12:00 дар деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов бар асари боришоти шадид аз теппаҳо сел омад. 26-уми май Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Шаҳринав муайян кард, ки дар натиҷаи омадани сел дар деҳаҳои Файзбахш, Ҳаёти Нав, Навбаҳор, ҷамоати деҳоти Дӯстӣ ба номи А. Ҳасанов ва маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Боғистон 53 бинои истиқоматӣ, 51 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 65 иншооти ёрирасон зери об монд. Аз он ҷумла 24 бинои истиқоматӣ пурра, 22 бино қисман хароб гашта, 19,6 гектар пахта ва 7 гектар майдони картошка зери об мондааст. Дар деҳаҳои Ҳаёти Нав ва Файзбахш пули мошингузар қисман ва пурра хароб шудааст.

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Талафоти ҷонӣ нест.

ҲИСОР

25-уми майи соли 2024, тахминан соати 11:30 дар ҳудуди деҳаи Гачаки ҷамоати деҳоти Деҳқонобод сел ба 69 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва роҳи байни деҳот қисман осеб расонидааст.

 

Барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии КҲФ сафарбар карда шуд, ки бо истифода аз насосҳо оби ҳавливу таҳхонаҳоро берун кашида, бо кумаки 6 адад техникаи вазнини муҳандисӣ соҳили зери селмондаи рӯдхонаро тоза карданд.

26-уми май дар деҳаи Гачаки ҷамоати деҳоти Деҳқонобод 2 адад экскаватор ба дарозии 400 метр корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ, мустаҳкам кардани дамба ба баланди 5 метр ва паҳноии 10 метр гузаронида шуда, ҳамзамон пули мошингузари байни деҳавиро канда аз нав барқарор намуда истодаанд.

ФАЙЗОБОД

26-уми майи соли 2024 соати 9:50 дақиқа дар ҷамоати деҳоти 30-солагии Истиқлолият дар қисмати ҷанубу ғарбии деҳаи Қарашибар ярч ба қайд гирифта шуд. Тӯли он тахминан 750 метрро ташкил дода, масофаи лағжиш айни замон 20 метр ва ҳудуди тахминан 15-20 га-ро дар бар мегирад. Дар мавзеи мазкур муоинаи пешакӣ аз тарафи мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ваҳдат гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки ярч ҳамоно дар ҳоли ҳаракат аст. Корҳои интиқоли сокинон ба ҷойҳои амн оғоз шудаанд. Дар ин мавзеъ гурӯҳе аз кормандони наҷоти КҲФ, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ҳукумати ноҳия қарор доранд.

САНГВОР

25-уми майи соли 2024, тахминан соати 15:22 дар ҳудуди деҳаи Ёзганди ҷамоати деҳоти Тавилдара сел 3 қитъаи наздиҳавлигӣ ва 3 иншооти ёрирасони сокинони маҳаллиро зери об кард. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 2 адад техникаи вазнини муҳандисӣ истифода шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия кор мекунад.

ФАРХОР

25-уми майи соли 2024, тахминан соати 04:30-и субҳ бар асари боришоти шадид дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор аз теппаҳои гирду атроф сел омад ва ба биноҳои истиқоматӣ, заминҳои атроф, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳо қисман зарар расонд.

ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

25-уми майи соли 2024, тахминан соати 04:10 дар деҳаи Калинин дар натиҷаи обхезӣ ба 18 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон об ворид шуд. Ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Балхӣ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

ПАНҶ

25-уми майи соли 2024, тахминан соати 05:10-и субҳ дар натиҷаи боридани боронҳои зиёд дар селгузари Овзикенг-1, ҳудуди ҷамоати деҳоти «10-солагии Ваҳдат-1»-и ҷамоати деҳоти Намуна сел омад. Об ба таҳхонаҳои 14 бинои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ворид шуд. Дар деҳаи 10-солагии Ваҳдат-2, ҷамоати деҳоти Намуна 11 бинои истиқоматӣ, биноҳои ёрирасон ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зери об монд.

Дар деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Намуна сел таҳхонаҳои 14 бинои истиқоматӣ, 9 қитъаи наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасонро зери об мондааст.

Дар ҳудуди маҳаллаи Кушкияи деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагон дар натиҷаи омадани сел болоравии сатҳи оби канали Келенчӣ ба қайд гирифта шудааст. Об ба таҳхонаҳои 5 бинои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ворид шудааст.

26-уми майи соли 2024 дар деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагон ду бинои истиқоматӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон аз гил тоза карда шуданд. Дар ҳудуди деҳаи 10-солагии Ваҳдат-1-и ҷамоати деҳоти Намуна бо ҷалби 4 адад техникаи муҳандисӣ 1000 метр роҳи байни деҳаҳо пурра аз оқибатҳои сел тоза карда шуд. Ҳамчунин, 10 ҳавлии сокинони деҳа аз лой пок шуд.

Феълан дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

ҚУБОДИЁН

25-уми майи соли 2024, тахминан соати 05:30 дар деҳаҳои Заркамар, Чимгилиш ва Рӯдакули ҷамоати деҳоти Заркамар дар натиҷаи омадани сел сатҳи оби канали Кабла боло рафт. Дар натиҷа 7 қитъаи наздиҳавлигиро об зер кард. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Талафоти ҷонӣ нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД