Густариши ҳамкорӣ оид ба вокуниши фаврӣ ба заминларза ва обхезиҳо
152

Пажӯҳишгоҳи идоракунии амниятии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳамтоёни тоҷики худ оид ба вокуниши гражданӣ-ҳарбӣ ба офатҳои табиӣ семинар баргузор намуд.

Дар якҷоягӣ онҳо барои вокуниши фаврӣ, бехатар ва ҳамаҷониба ба заминларзаҳо, обхезиҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ нақшаҳои амалӣ таҳия намудаанд, ки ҳадаф аз он муҳофизат ва беҳбудии мардуми Тоҷикистон аст.

“Иёлоти Муттаҳида умедвор аст, ки ҳамкории амниятии худро бо Тоҷикистон ба хотири ояндаи амнияти ҳар ду кишвар боз ҳам таҳким бахшад”,- омадааст дар хабаре, ки usembassydushanbe нашр намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД