Гӯштини миллӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.
Сабаби хусусияти байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллӣ бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 4 маротиба доир намудани мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад.