Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода талош дорад, ки гуруҳҳои буҷавии равияи омӯзгориро бештар созад.
Роҳбари ин дарголҳи илму маърифат дар ин бора зимни як ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони ректор,деканҳои факултетҳо ва сардорони шуӯъбаҳо назари хешро баён намудааст.
“Дар ҷаласа ректор масъалаҳои назорати донишҷӯёне, ки то ҳол ба дарсҳо дер меоянд, ҳолати ҳозиршавии таҷрибаомӯзон тибқи роҳхат ба мактабҳо, инчунин назорати донишҷӯёне, ки буҷавӣ ва тибқи Квотаи Президент таҳсил менамоянд мавриди баррасӣ қарор дод”,- навиштааст Pressa.tj дар такя ба манобеи худ дар ин донишгоҳ.
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шахсони масъулро вазифадор намудааст, ки дар оянда шумораи қабул ба ҷойҳои буҷавӣ дар ихтисосҳои равияи омӯзгориро бештар ба нақша бигиранд.