sebiston july new
ГУРЕЗАҲОИ АФҒОН БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД?
1092


Ба гуфтаи як манбаъи муътамад ҳамаи гурезагони қирғизтабори Афғонистон, ки ҳангоми ҳамлаҳои ҷангиёни Толибон ба хоки Тоҷикистон гузашта буданд, дубора ба Афғонистон баргаштанд, -иттилоъ додааст Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бозгашти гурезагон тайи рӯзҳои истироҳатии гузашта, 17-18 июл сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад 345 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо чор ҳазор ҳайвонҳои хоҷагӣ ва воситаи нақлиёт, ба минтақаи зисти доимиашон, вулусволии Вахони вилояти Бадахшони ҶИА баргардонида шуданд.

"Интиқоли онҳо баъд аз он, ки масъалаи таъмини амнияти шахсии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолат дода шуд, ба воситаи минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб сурат гирифт", - хабар додааст, КДАМ Тоҷикистон.
Манбаъ мегӯяд, дар давраи будубоши гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ноҳияи Мурғоб, дар доираи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, онҳо аз тарафи мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ, сару либос ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда шуданд.

КДАМ гуфтааст, вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки қирғизтаборҳои Афғонистон дар пайи бар шудани вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон рӯзҳои 13-14 июн ба хоки Тоҷикистон фирор карданд. Зимни фирор ба Тоҷикистон муттаасифона ду кӯдаки хурдсоли онҳо фавтидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД