arzon replenishment
Гурдадард ба зани ҳомила чӣ хатар дорад?
28.04.2022
Оила
1832

Пиелонефрит ба зани ҳомила чӣ хатар дорад?
Пиелонефрит яке аз бемориҳои хеле паҳншудаи гурда мебошад, ки бештар дар бонувон ба назар мерасад.

Ин беморӣ махсусан дар давраи ҳомиладорӣ авҷ гирифта, натанҳо барои зани бордор, балки ба тифли батнаш низ бе хатар нест. Аз ҳамин хотир, имрӯз мо ба шумо дар бораи сабабҳои дар давраи ҳомиладорӣ авҷ гирифтани ин беморӣ, роҳҳои табобат ва таъсири манфии он ба саломатии модару кӯдак маълумот медиҳем.
Чаро пиелонефрит дар давраи ҳомиладорӣ авҷ мегирад?
Аз касе пӯшида нест, ки ҷисми зан дар давраи ҳомиладорӣ бо тағйиротҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад.

Бачадон торафт калон шудан мегирад ва ба дигар узвҳо, аз ҷумла ба рӯдаҳо, узвҳои кос, найчаҳои пешобгузар ва пешобдон фишор овардан мегирад. Дар натиҷа хориҷ шудани пешоб душвор гашта, намаку қуми дар таркиби пешоб буда таҳшин мешаванд ва бактерияҳо дар организми зан макон мегиранд. Ҳамин тавр кори гурда ва узвҳои пешоброн халалдор гашта, бемории пиелонефрит авҷ мегирад.


Таъсири беморӣ ба ҷанин
Вақте ки гурдаҳои зан хуб кор намекунанд ва ӯ аз пиелонефрит азият мекашад, бемории модар ба тифли батнаш низ бе таъсир намемонад. Маҳз бо сабаби авҷ гирифтани пиелонефрит аксари занони ҳомила бача мепартоянд. Тадқиқотҳо исбот намудаанд, ки бачапартоӣ дар занони ба иллатҳои гурда гирифтор нисбат ба занҳои ҳомилае, ки гурдаҳояшон солиманд, 5 маротиба бештар ба назар мерасад.

Инфексия ба ҳамроҳак дохил шуда, ба ҷанин таъсири ногувор мерасонад ва баъзан ҳатто боиси сар задани некроз, яъне аз инкишоф мондан ва марги тифл дар батни модар мешавад.
Камхунӣ таъсири пиелонефрит аст?


Беморӣ бештар дар занони ҳомиладоре авҷ мегирад, ки давраи наврасиашон тез-тез ба систит гирифтор мешуданд ва ё аз кӯдакӣ ба пиелонефрит гирифтор буданд. Газаки гурда натанҳо ба тифли дар батни модар буда, балки барои саломатии худи зани ҳомиладор низ хеле зараровар аст. Аксаран бар асари ҳамин беморӣ занҳои ҳомиладор аз сарторикии шадид азият мекашанд. Пиелонефрит ҳамчунин боиси сар задани анемия, яъне камхунӣ дар давраи ҳомиладорӣ мегардад.


Ташхиси беморӣ
Тавре ки зикр намудем, пиелонефрит ба саломатии модару кӯдак таъсири ногувор мерасонад, бинобар ин, ҳарчӣ зудтар аз паси ташхис ва табобати ин беморӣ шудан лозим аст. Барои ташхиси дурусти беморӣ зани ҳомила бояд ҳатман пешоб супорад ва УЗИ кунад. Тавассути дастгоҳи ултрасадо табиб ҳолати гурдаҳои модар ва дар кадом вазъият қарор доштани ҷанинро дақиқ намуда, сипас табобат мефармояд.


Табобати беморӣ
Табобати пиелонефрит аз он вобастагӣ дорад, ки беморӣ то кадом андоза авҷ мегирад. Ҳолати гурдаҳо чандон бад набошад, бемориро дар хона табобат кардан мумкин аст, вале зани ҳомила бояд тамоми доруву дармонеро, ки табибон мефармоянд, сари вақт гирифта, саломатии худ ва тифли батнашро эҳтиёт намояд.


Дар сурати шадид будани ҷараёни беморӣ ваба пуррагӣ хориҷ нагаштани пешоб зани ҳомиладорро ҳатман дар бемористон ва ё таваллудхона бистарӣ намуда, ҷиддӣ табобат кардан лозим меояд. Маъмулан барои табобати пиелонефрит ба занони ҳомиладор табибон антибиотикҳои махсусеро таъин менамоянд, ки ба саломатии тифли дар батни модар буда чандон хавфнок нестанд. Бо шарофати табобати дуруст ҳамагӣ дар бадали ду ҳафта ҳоли зан беҳтар шуда, шиддати беморӣ паст мешавад, вале...


Вақте ки модар дар хатар аст....


Аҳён-аҳён ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки бар асари пиелонефрит ҳоли зани ҳомиладор ниҳоят бад мешавад. Гурдаҳои мариз қариб аз кор монда, хатари аз даст додани зан ба миён меояд. Вақте ки ба модар хатари ҷонӣ таҳдид менамояд, табибон исқоти ҳамл ва қатъ кардани ҳомиладориро тавсия медиҳанд, вале хулосаи ниҳоиро бояд худи модаршаванда барорад.
Саломатии худ ва тифли батнатонро эҳтиёт намоед!

Барои он ки ба чунин мушкилиҳо гирифтор нашаванд, занон дар давраи ҳомиладорӣ бояд ба саломатиашон диққати ҷиддӣ диҳанд. Тавсияи мо ба занони ҳомиладор он аст, ки ҳамеша дар зери назорати табибон бошанд ва тез-тез аз ташхис гузашта, дар сурати сар задани пиелонефрит ва ё бемориҳои дигар ҳатман сари вақт аз паси табобат шаванд, зеро  солимии тифл аз саломатии модар вобастагӣ дорад. Зане, ки фарзанди солим ба дунё овардан мехоҳад, бояд ҳам худ ва ҳам тифли батнашонро эҳтиёт намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД