Formula novemver 2024
Гурба дар хоб рамзи қувваҳои нопок аст?
15.01.2025
ОИЛА.ТҶ
308

Салом! Ман вақтҳои охир тез-тез гурба хоб мебинам. Гоҳ хоб мебинам, ки ба хонаамон гурба даромадааст, гоҳи дигар гурбаи сиёҳ ба сару рӯям ханҷол мезанад ва ба ҳамин монанд хобҳои аҷоибу ғароиб. Модарам мегӯянд, ки худро эҳтиёт кунам, чунки гурба дар хоб рамзи қувваҳои нопок аст. Оё дар ҳақиқат чунин аст ё гурба дар хоб таъбири дигар низ дорад?

МАВЛУДА, сокини шаҳри Ваҳдат

Посух:

- Аксари одамон гурбаро дӯст медоранд, вале хоб дидани онро ба таври гуногун таъбир мекунан д. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки гурбаро хоб дидан чандон фоли нек нест, вале дар хобномаҳои дигар он ҳамчун рамзи оромиш ва тағйиротҳои нав дар ҳаёти шахси хобдида таъбир карда шудааст.

Аз ҷумла донишманди машҳури олам Нострадамус таъкид кардааст, ки вақте шахс гурбаи сиёҳро хоб мебинад, бояд ба атрофиёнаш хеле бодиққат назар карда, рафтору кирдори онҳоро зери назорат бигирад, зеро чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки душманонаш дар камин нишастаанд ва ба вай зарар расонидан мехоҳанд. Аммо гурбачаи хурдакак ва зебо дар хоб фоли нек буда, аз рӯй додани ҳодисаҳои хурсандиовар дар ҳаёти шахс дарак медиҳанд. Гурбача дар хоб нишонаи боигарӣ ва оромишу саодати аҳли хонавода низ буда метавонад.

Дар хобномаҳои англисӣ гурбаи сиёҳ ҳамчун рамзи рақобат дар ҷойи кор ё сар задани ҷангу ҷанҷоли оилавӣ дар хонадони шахси хобдида таъбир карда шудааст. Гурба дар хоб метавонад нишонаи беморӣ низ бошад. Гурбаи хокистарранг хоб бинед, азоби бе пулӣ ва танҳоӣ мекашед. Гурбаи зард аз омадани меҳмонҳо ё ягон хурсандӣ дар оила дарак медиҳад. Гурбаи сиёҳу сафед ба хобатон дарояд, бо ягон одами дурӯя рӯ ба рӯ хоҳед гашт. Гурбаи сар то пояш ифлос нишонаи гирифтор шудан ба ягон касалии вазнин будааст.  

Ғайбдони машҳур Ванга хоб дидани гурбаро фоли начандон хуб ва ташвишовар омидааст. Ба андешаи Ванга, агар кас гурба хоб бинад, ба ғайбат гирифтор гашта, душманонаш дар борааш ягон овозаи нохуш паҳн мекунанд. Аммо зан ё духтари муҷаррад гурбаи сафед хоб бинад, бахташро пайдо намуда ба марди табъи дилаш ба шавҳар мебарояд. Гурбачаҳои хурдакаки сару рӯяшон чиркин нишонаи сар задани мушкилоти майда-чӯйда дар ҳаёти шахси хобдида мебошанд. Ҳар қадаре, ки шумораи чунин гурбачаҳо зиёд бошад, мушкилот ҳамон қадар бештар мешавад.

Дар хобномаҳои исломӣ гурба ҳамчун рамзи оромишу бехатарӣ ва ҳаёти серу таъбир карда шудааст. Танҳо гурбаи сиёҳ ва бадхашм, ки ба шахс ҳуҷум мекунад ё ба сару рӯяш ханҷол мезанад, дар хоб чандон фоли нек набуда, аз хатар, нокомию бебарорӣ ва ноомади кор дарак медиҳад. Гурбаи ваҳширо хоб дидан нишонаи он аст, ки муносибати шахси хобдида бо ҷуфташ чандон хуб нест ва агар аз пайи ислоҳи ин ҳолат нашаванд, байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷоли оилавӣ сар зада метавонад. Навозиш кардани гурба дар хоб нишонаи хушбахтӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД