Саломи худро ба кулли ҳамватанон мерасонам. Ман Ҷамшед, ҷавони 25-солаи донишҷӯ, аз хориҷа ба шумо нома менависам. Замони мактабхонӣ дар Тоҷикистон духтареро дӯст доштам. Қабл аз он ки падарам маро ба хориҷа барои таҳсил равон намуд, аз онҳо хоҳиш намудам, ки духтари дӯстдоштаамро фотиҳа кунанд, то ки то рафтани ман ӯро ба шавҳар надиҳанд. Волидонам гапи маро дар замин намонда, ба хостгорӣ рафтанду моро ба ҳам номзад карданд. Азбаски дар бораи духтарон гапу корҳои зиёд мешунавам, аз рафиқонам хоҳиш кардам, ки дар Ватан аз ҳар қадами дӯстдоштаам ба ман хабар диҳанд. Бо Гулноз тавассути телефон пайваста дар алоқа будам, аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар мешудем. Баъди ду соли таҳсил дар хориҷа, ба наздикӣ яке аз дӯстонам ба ман занг зада, хабар дод, ки Гулноз дар Душанбе бо ҷавоне ишқварзӣ мекунаду онҳоро якҷоя дар қаҳвахонае дидааст. Ростӣ, бо шунидани ин хабар, чунон ба ғазаб омадам, ки дар сари қаҳр занг зада, Гулнозро хеле дашному ҳақорат кардам. Ҳатто гуфтам, ки бо чунин фоҳиша зиндагӣ кардан намехоҳам ва фавран фотиҳаро мегардонам. Вақте модарам аз ин моҷаро огаҳӣ пайдо намуд, маро насиҳат карда мегӯяд, ки шояд рафиқам ба ман хабари дурӯғ расонида бошад. Хеле мехоҳам ба Ватан баргашта, ҳақиқатро аниқ намоям, вале айни замон ин корро карда наметавонам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Ба гапи дӯстам бовар кунам?