Formula novemver 2024
ГУНОҲАТРО ДАР ДУ ДУНЁ НАМЕБАХШАМ АБДУЛЛО
11.08.2020
Р. Азимӣ
4370

 

Абдулло! Медонӣ, чӣ қадар дӯстат медоштам? Ба хотири ишқи ту ба ҳама чиз розӣ будам? Агар ҷонамро мехостӣ, медодам, аммо…

Маро дар роҳи ишқ танҳо гузошта ба Адибае, ки хатбараки ману ту буд, хонадор шудӣ. Ҳамеша мегуфт: «туро дӯст медорам ва албатта хушбахтат мекунам». Афсӯс, сад афсӯс, ки забонат бо дилат як набудааст. Бо забон ба ман изҳори муҳаббат мекардию дил ҷойи дигар доштаӣ. Падарат ба ном Ҳоҷӣ аст, магар ӯ ягон бор туро насиҳат накардааст, ки дили касро озор мадеҳ, зеро худованд аз дилозор безор аст? Магар ман сазовори хиёнати ту будам?

Магар боре каҷрафторӣ намудам? Аслан ту гунаҳкор нестӣ, ҳамон падари ҳоҷии худобехабарат нахост, ки ману ту тӯй шуда ормон шиканем ва шаҳди висолро бичашем. Имрӯз бо айби ҳамин ҳоҷии дилозор ту насиби дигарию ман танҳои зор. Боварӣ дорам, ки рӯзе дари бахти ман ҳам кушода мешавад, шояд ҷавонмарде, ки маро ҳамсафари ҳаёт мегардад, аз ту мардтар бошад ва муҳаббати покамро тоҷи сар намояд, вале…

Гуноҳатро дар ду дунё намебахшам Абдулло, мефаҳмӣ намебахшам!!!

Шоиста, н. Турсунзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД