Arzon march 2024
Гумонбарони ҳамла ба Крокусро аз ташхиси рӯҳӣ гузарониданд
1210

Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани амали террористӣ дар толори консертии Крокус-Сити-Холли Русия боздошт шудаанд, аз ташхиси рӯҳӣ гузарониданд. Дар ин бора РИА “Новости” хабар додааст.

Тавре Олег Власов, адвокати яке аз гумонбарони асосӣ Далерҷон Мирзоев зимни суҳбат бо хабарнигорони рус гуфтааст, ташхис ҳам аз нигоҳи равонӣ ва ҳам аз назари ҷисмонӣ комилан солим будани гумонбаронро собит намудааст.

“Ташхис нишон дод, ки боздоштшудагон ягон мушкили равонӣ ё ҷисмонӣ надоранд ва оқибати амали худро дарк мекарданд”,- гуфтааст адвокат.

Ба қавли Власов, Далер Мирзоев дар шаҳри Новосибирск ба сифати таксист кор мекардааст ва тариқи шабакаи Телеграм аз ҷониби як гурӯҳи радикалӣ фирефта шуда, имом ӯро ба содир намудани амали террористӣ дар Маскав даъват кардааст. Ба Мирзоев маблағи калон ваъда кардаанд, вале ӯ бештар на ба хотири пул, балки аз эҳсосоти динӣ ба содир намудани ин амал розигӣ додааст.

Ёдрас мешавем, ки амали террористӣ дар толори консертии Крокус-Сити-Холли Русия санаи 22-юми марти соли 2024 содир шуда, бар асари ин ҳодисаи ваҳшатнок 146 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 550 нафари дигар маҷрӯҳ гаштанд. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин амали ваҳшиёна 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД