Formula novemver 2024
Гумонбари латукӯби журналист дастгир шуд
799

 

РВКД-и пойтахт хабар дод, ки гумонбари латтукӯби журналист ва филмбардор Бобоҷон Меҳтоҷиёнро муайян ва дастгир кардааст.

Ба зикри ин ниҳод, нисбат ба ӯ бо гуноҳи “авбошӣ” дар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноятӣ парванда кушодааст. Ба зикри расонаҳо, чанд рӯз пеш афроди ношинос ба филмбардор ҳангоми аз кор ба хона баргаштанаш ҳамла карда, як чашми ӯро захмӣ кардаанд. Меҳтоҷиён дар як матлаб дар Фейсбук аз ҷараёни кунди тафтиши парвандааш изҳори нигаронӣ карда буд.

Дар иттилоияи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфтааст, “ҷиҳати баррасии холисона ва гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ ҳарчанд муроҷиаткунанда ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир нагардида, боиси кашолкорӣ гардида бошад ҳам, вале дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ гумонбаршаванда муайян ва дастгир карда шуд”.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳамчун гумонбаршаванда ноболиғ В. Р. дастгир гардид.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19:40, гумонбаршаванда дар кӯчаи Анзоб - даромадгоҳи Боғи Ғалаба бе ягон асос Муҳтоҷов Б.-ро мавриди латтукӯб қарор додааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонии сабук бардоштааст. Айни замон, ҳодисаи мазкур бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Точикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, - хабар дод милитсия.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД