Дилшод Саидмуродов, гумонбари асосӣ дар дуздиву қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси ҶСК “Ориёнбонк”, боздошт ва ба Душанбе оварда шуд. Ин маълумотро як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба расонаҳо додааст.
Гуфта шуд, ки Дилшод Саидмуродов (Дилшоди “СБ” ё “Красавчик”) роҳбари гуруҳи ҷиноие буд, ки муовини марҳуми раиси “Ориёнбонк”-ро рабудаву ба қатл расониданд.
Прокуратураи генералӣ қаблан гуфта буд, ки ӯ баъди анҷом додани ҷиноят ба Русия фирор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10, дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша муовини раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурда, кушта, ба дарё партофтаанд.
Ҷасади ӯро баъди тақрибан 2 моҳи кофтуков дар дар минтақаи Саразми шаҳри Панҷакент, аз дарёи Зарафшон ёфтанд.
Ба иттилои ВКД, роҳбари гуруҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович буд ва аъзои дигари гурӯҳ Рустам Ашуров, Шоҳрух Хуҷаев, Акбар Ахмедов, Бахтовар Сафаров ва дигарон мебошанд, ки аз ин миён Рустам кушта шуду дигарон боздошт гардиданд.