Sebiston new 2024 october
Гум шудани нигини ангуштарин дар хоб чӣ таъбир дорад?
2145

Салом! Хоб дидам, ки шавҳарам ба ман чалаи тилло туҳфа кардаасту нигини ангуштаринро гум карда, гиря дорам. Модарам дилбардорӣ карда истодааст, ки зиқ нашав, ёфт мешавад, вале алами ман бештар шуда, зор-зор гиря мекунам. Ҳарчанд мекобам, нигини ангуштарини худро ёфта наметавонам. Мехоҳам донам, ки таъбири хобам чист?

Посух

Маъмулан нигини ангуштарин аз сангҳои қиматбаҳо аст ва хоб диданаш рамзи боигарӣ ва бахту саодат мебошад. Хоб бинед, ки ба шумо ангуштарини зебоеро ҳадя кардаанд ва нигиаш ҷило дода истодааст, соҳиби мартабаи баланд мегардед ва ё дари бахтатон кушода шуда, бо шахсе ошно мешавед, ки шуморо хушбахти олам мегардонад.

Аммо гум кардани нигини ангуштарин дар хоб хуб нест. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки нигини ангуштаринаш афтидаастё онро гум кардааст, ягон чизи қимматаҳояшро аз даст медиҳад. Чунин хоб метавонад рамзи ҷудоӣ аз шахси дӯстдошта, роҳ додан ба ягон хатогии сахте, ки боиси сар задани ҷангу ҷанҷоли калони оилавӣ мегардад ва ё бар асари беморӣ аз даст додани одами барои шахси хобдида хеле азиз бошад.

Кофтани нигини гумшудаи ангуштарин дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ёратон шуморо намефаҳмад ва ба қадратон намерасад, вале шумо ин шахсро дӯст медоред ва мехоҳед бо кадом роҳе, ки набошад, ӯро нигоҳ доред.
Зан хоб бинад, ки нигини ангуштарини никоҳиаш афтидааст ва ё шикастааст, бояд бодиққат бошад. зеро чунин хоб аз хиёнати ҳамсар дарак медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД