arzon replenishment
Гум кардани кӯдак дар хоб чӣ таъбир дорад?
09.08.2024
ОИЛА.ТҶ
2001

Шаби гузашта хоб дидам, ки ҳамроҳи писарчаи 5-солаам ба бозор рафта, кӯдакро гум кардаам. Бо тамоми овоз дод гуфта, фарзандамро мекофтам, вале ҳарчанд номашро гирифта, ҷеғ мезадам, аз ягон ҷо садояш ба гӯш намерасид. Дар обу арақ тар шуда, аз хоб бедор шудам. Аз тарсу ҳарос кам монда буд, ки дилам аз кор монад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

ШАРИФАМОҲ, аз шаҳри Кӯлоб

Посух:

- Ором бошед, гум кардани кӯдак дар хоб нишонаи сар задани ягон фалокат бо фарзанди шумо нест. Аксари модарон ҳамеша дар ташвишанд, ки мабодо бо кӯдакашон ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад, аз ҳамин сабаб бар асари асабоният чунин хобҳо мебинанд. Агар шумо аз кӯдаконатон дилпур ва ташвишу изтироби ботинӣ надошта бошад, пас хоби дидаатон гувоҳи он аст, ки дар ҳаётатон ягон ҳодисаи нав ба вуҷуд омада, каме даводав карданатон лозим меояд. Духтари ҳанӯз шавҳар накарда чунин хоб бинад, ягон орзуи бузургаш дар зиндагӣ амалӣ мегардад, вале барои ба мақсад расидан такопӯйи бисёре мекунад.

Мард хоб бинад, ки фарзандашро гум кардааст, байни ӯ ва ягон аъзои оилааш баҳсу мунозира ба миён меояд. Чунин хоб нишонаи он аст, ки мард бояд ба наздиконаш, ки худро барои онҳо масъул шумурда, ҳар як қадамашонро ҳамеша назорат карда меистад, каме озодӣ диҳад.

Гум кардани кӯдак дар хоб барои ҷавоне, ки ҳанӯз оиладор нашудааст, нишонаи он аст, ки вақти марди ҳақиқӣ шуданаш фаро расидааст ва бояд одатҳои кӯдаконаашро партофта, кашидани бори зиндагиро бар дӯш бигирад.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки гум кардани кӯдак дар хоб аз оғози ҳаёти нав ё давраи нави зиндагии шахси хобдида гувоҳӣ медиҳад. Дар хобномаи исломӣ гум кӯдак дар хоб ҳамчун фоли нек таъбир шудааст. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, нақшаеро, ки чанд сол пеш кашида буд, амалӣ намуда, ба муроду мақсади худ мерасад.

Шахс хоб бинад, ки касе дар ҷустуҷӯи кӯдак ба ӯ кӯмак расонида истодааст, дар симои ягон инсони бузург дӯст ё роҳнамое пайдо мекунад, ки ҳамеша ӯро дастгирӣ намуда, барои дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд расидан ёрӣ медиҳад.

Ғайбдони машҳур Ванга гум кардани кӯдакро дар хоб нишонаи халос шудан аз мушкилиҳо номидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД