Гулноза Хоҷаева. Имрӯз ин ном ба хурду калон ошно буда, ҳамагон ӯро дӯст медоранд ва ба ҳунару маҳораташ эҳтиром мегузоранд. Ин духтари зебои тоҷик имрӯз ҷашни милод дорад.
Хабарнигори сомонаи Oila.tj барои табрик намудан ба ин бонуи ҳунар занг зада, аз номи кулли кормандон ва обуначиёни сомона эшонро ба зодрузаш табрик намуда, ба ӯ саломативу сарбаландӣ ва муваффақият дар кораш таманно намуд.
Гулноза ба кулли ҳаводори хеш арзи сипос намуд, ки аз дирӯз бегоҳ то ҳол ӯро ба зодрӯзаш табрик намуда истодаанд ва гуфт, ки ҳамаашонро дӯст медорад. Гулноза зимни суҳбат бо хабарнигор қайд намуд, ки аввалин шуда, шаб дугонаҳои наздикаш ӯро ба ҷашни зебои мавлудаш табрик намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Гулноза новобаста аз ҷавониаш алакай дар байни мардум тавонист маҳбубияти худро пайдо кунад. Гулноза Хоҷаеваро асосан баъди филми ҳаҷвии “Хусури ман” ҳамагон шинохтанду дӯст доштанд. Ҳарчанд пеш аз ин филм дар телевизиони “Баҳористон” кор мекарду ба зиёд нафарон шинос буд, аммо ин филм маҳбубияти Гулнозаро дучанд намуд.
Ӯ воқеан духтари самимӣ буда, ба ҳама мухлисонаш эҳтиром дорад. Заҳматҳояш буд, ки имрӯз дар байни омма маҳбубияти зиёди худро пайдо кардаасту зиндагии худро куллан дигар сохтааст. Имрӯз ӯ яке аз беҳтарин журналистон ва ҳунарпешаҳои ҷавони кишвар аст, ки дар зиёд чорабиниҳо даъват мешаваду дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст.