Дар деҳаи Боғистони ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 22-юми июн се духтар ҳангоми оббозӣ дар яке аз кӯлҳои ин деҳа ғарқ шуда, фавтидаанд.
Тавре аз Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб дар суҳбат бо журналистон гуфтаанд, Гулноза Назарзодаи 15-сола, Дилноза Назароваи 11-сола ва Бассират Ҳисайнзодаи 20-сола он рӯз меҳмонӣ рафта дар кӯли дар наздикии боғи бобояшон буда ғарқ шудаанд.
Ҳодиса нисфирӯзии 22- июн рӯй дода, духтарҳо пайдарҳам ба ҳавз даромадаанд. Азбаски ҳавз хело ҷуқур будааст, се духтар дар он ғарқ шудаанд.
Чанд соат баъд сокинони маҳаллӣ аз қазия огоҳ шуда, хонаводаи духтаронро хабардор кардаанд. Ҷасади духтаронро баъди нифирӯзӣ пайдо карда аз ҳавз баровардаанд.
Дар шаш моҳи соли равон бо шумули ин се духтар дар Хатлон 43 нафар ғарқ шудаанд, ки аз ин шумора 17 нафар ноболиғон, 12 кӯдаки то синни мактабӣ ва 11нафарашон ҷавон будаанд.
Бори дигар ёдрас мешавем, ки ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои нохуш калонсолон, махсусан падару модарон бояд кӯдакону наврасонро ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо бе назорат нагузоранд.