Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?
07.11.2025
Oila.tj
55

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?

МАДИНА, ш. Хуҷанд

Посух:

- Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс, вале баштар он дар минтақаи Кӯлоб, Қурғонтеппа, Зарафшон, Рашт, Дарвоз ва Ҳисор мерӯяд. Маъмулан он дар қади роҳҳо ва доманаи кӯҳҳои сералаф ё дар байни дарахтзор мерӯяд.

Дар таркиби гули бобуна равғанҳои эфирӣ, флавоноидҳо, фитостеринҳо, кумаринҳо, витамини С, каротин, кислотаҳои органикӣ, апинин, апигенин ва дигар моддаҳои муфид фарон буда, ба чандин бемориҳо фоида дорад.

Абуалӣ ибни Сино дар бораи бобуна чӣ гуфтааст?

Дар «Алқонун»-и Абуалӣ ибни Сино омадааст, гули бобуна мағзро қувват мебахшад. Аз ҳаимн хотир Ибни Сино гули бобунаро барои табобати дарди сар ва бемории зардпарвин тавсия додааст. Ин гул хислати балғамрониву пешобронӣ низ дошта, дар замони Сино онро зидди ташаннуҷ (рагкашӣ)-и пилки чашм истифода мебурданд.

Бобуна дар афтонидани санги гурда кӯмак мекунад

Муҳаммад Ҳусайн дар китобаш «Махзану-л-адвия» хусусиятҳои табобатии гули бобунаро дақиқтар таҳқиқ карда, оид ба ҷиҳатҳои дигари шифобахшии он чунин гуфтааст:

«Гули бобуна ба бемориҳои нафастангӣ, дард дар қисмати қафаси сина, ҷигар ва рӯда дармон аст. Он кори гурда ва пешобдонро мӯътадил намуда, санги мавҷудбударо нобуд мекунад».

Шуҳрати бобуна дар Чин

Дар тибби Чин обҷӯш ва дамхӯрдаи бобунаро барои муолиҷаи ихтилоҷ, дами рӯдаҳо ва рафъкунандаи исҳол ба кор мебаранд.

Бобуна-давои 100 дард

Дар тибби муосир табибон гули бобунаро давобахши ҳазорҳо дард дониста, барои муолиҷаи бемориҳои гуногун тавсия медиҳанд.

Маслиҳати Садриддиншоҳ Насриддиншоев

Садриддин Насриддиншоҳ, гиёҳшинос ва табиби хеле машҳури мардумӣ дар робита бо ху сусиятҳои шифобахшии бобуна мегӯяд:

“Бобуна бавижа барои бемороне, ки аз хунукӣ сарашон дард мекунад ва гирифторони бемории зардпарвин давои хуб аст. Ҳангоми обравии чашм докаро дар обе, ки гули бобуна дам андохта шудааст, тар карда, ба болои чашм бигузоранд, оби чашмро манъ мекунад».

Бобуначой чӣ фоида дорад?

Чойи бобунаро барои муолиҷаи илтиҳоб (варам, газак)-и пардаи луобии меъда, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, халадарди меъдаву рӯда, бемориҳои ҷигар, талха, касалиҳои занона, дарди нимсара, рагкашӣ ва ҳамчун доруи хобовар, обҷӯши онро барои ғарғара кардани даҳону гулӯ, шустани захмҳои фасоддор, табобати илтиҳоби банду буғумҳо (артрит) истифода мебаранд. Ҷӯшобаи гули бобуна дарди ҷонгудози ниқроз (подагра) ва ревматизмро оромӣ мебахшад. Бобунаро ҳамчунин барои халосӣ аз бемориҳои чашм, облатаашро барои муолиҷаи омосҳо истифода бурдан мумкин аст. Пажӯҳишҳои тиббӣ исбот намудаанд, ки гули бобуна барои раҳоӣ аз илтиҳоб (газак), манъи хунравӣ, оромбахшии дард, асаб, ташаннуҷ, арақи бадан, кори дил ва захми илтиҳобии меъдаву рӯда даво аст.

Шахсоне, ки ба бемории газаки чашм гирифторанд ва аз захмҳои чиркдор азият мекашанд, метавонанд ҷӯшобаи гули бобунаро дар шакли гармбандӣ истифода баранд.

Бобуна асабро ором месозад

Гули бобуна асабро ором месозад. Касоне, ки тез-тез асабонӣ мешаванд ё бехобӣ мекашанд, метавонанд 2 қошуқи калон решаи сунбул (валериан), 3 қошуқи калон бобуна, 2 қошуқи калон гиёҳи хоргулак (пустирник) ва 1 қошуқи калон зираи сиёҳ (тмин) — ро дар 200 грамм оби ҷӯшомада муддати 1 соат дам карда, сипас аз дока гузаронанд ва дар як рӯз 2-3 маротиба истифода баранд. Он асабро ором намуда, хоби бароҳати инсонро таъмин менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД