Қаҳрамони имрӯзаи мо занест, ки дар зиндагӣ зиёд ранҷ кашидаю азоб дидааст, вале ҳеҷ гоҳ бечоранолӣ намекунад. Занест, ки дилу гурда ва ҷасорати мардона дорад ва ба муқобили тақдири номард мубориза мебарад.
Занест, ки бори гарони зиндагиро сабурона кашида, ҳеҷ гоҳ лаб ба шиква намекушояд. Осиёби зиндагӣ ӯро дар курраи хуб бераҳмона ба сад ранг печутоб медиҳад, вале иродаи оҳанинашро шикаста наметавонад. Солҳост, ки ӯ падари бемору модари маъюбашро мисли кӯдак парасторӣ мекунад, вале ҳеҷ гоҳ аз ин ифтихор накардаасту намекунад, балки инро танҳо қарзи худ меҳисобад. Қарзи фарзандӣ! Ҳамарӯза ба назди волидони бемораш, ки дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, рафта меояд. Кист ин зани нармдилу гармчеҳра ва ширингуфтору меҳнатию ҷасур?
Ӯ фарзанди баномус, модари меҳрубон ва ҳунарманди хуб аст. Биёед, бо ӯ наздиктар шинос мешавем!
-Гулдона, хуш омадед, ба идораи нашрияи мо! Шодем, ки таклифи моро пазируфта аз роҳи дур, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омадед!
- Ташаккур, ман низ шодам, ки имрӯз меҳмони «Оила» гаштам.
-Бисёре аз бонувон пас аз хиёнату бевафоӣ дидан аз шавҳар ё азизи дилашон рӯ ба саҳна меоранд, то бо суруду тарона дарду ғами дилашон бароранд. Шуморо чӣ маҷбур сохт, ки ҳунарманд шавед?
-Ман аз айёми наврасӣ ҳамеша орзу мекардам, ки овозхон шавам ва бо сурудҳоям касони ба вартаи ноумедӣ афтодаро дубора ба зиндагӣ дилгарм намуда ба дунёи пурфасонаи ишқу умеду орзуҳои ширин барам. Барои сабти як тарона аз дӯстони ҳунармандам бисёр хоҳиш кардам, ки дастгириам намоянд, вале…
-Ба ҷойи кӯмак бахилӣ карданд?
- Ман намегӯям, ки бадиву бахиливу рашк мекарданд, чунки ғайбат карданро ба худ ор медонам, вале намедонам бо кадом сабаб кӯмакам накарданд. Ҳамеша дар хизмати дӯстони ҳунармандам будам, ба хотири омӯхтани асрори суруду мусиқӣ, аммо касе рози олами ҳунарро бароям кушодан намехост. Ба ҳар ҳол, бе дастгирию кӯмак ҳам тавонистам рӯи саҳна оям ва барои ин худоро шукр мегӯям.
-Шумо як таронаи машҳур доред, бо номи «Бахти сиёҳ», ин суруд аз бахти сиёҳи кӣ қисса мекунад?
- Магар каманд бонувоне, ки дар зиндагӣ бадбахт гаштаю дилсарду ноумеданд?
Каманд заноне, ки аз азизи дил, марди орзуҳо ва шавҳари дӯстдоштаашон хиёнату бевафоӣ дида, ҷигархунанд? Каманд нафароне, ки як умр барои бахти аввал ё бахти сиёҳашон месӯзанд? Бисёранд! Дар ин тарона ман дарду алами ҳама занҳои сиёҳбахтро сурудаам. Мехоҳам бо суруд онҳоро умед бахшам, мехоҳам исбот намоям, ки талоқ поёни хушиҳои зиндагӣ нест…
- Нафаҳмидам, равшантар гап занед, чӣ гуфтан мехоҳед?
- Гуфтаниам, ки ман низ дар зиндагӣ сиёҳбахт гаштаам. Албатта шикасти бахт маро ҳам ҷигархун карда буд, вале ба тақдири талхам таслим нашудам. Бахти аввал чи хеле набошад, барои инсон ширин аст, барои ман ҳам ширин буд, вале шикасти бахт иродаи маро шикаста натавонист. Инсон бояд дар зиндагӣ мубориз бошад, бар рағми тақдири номард мардона зиндагӣ кунад, дар акси ҳол мешиканӣ, мерезӣ…
- Таронаи дигаре доред бо номи «Бародару додар надорам»…
- Воқеан ман бародару додар надорам ва ҳар гоҳ духтареро бо бародараш бубинам, дарун-дарун сӯхта дар дил мегӯям: «Кош ман низ ақаллан як бародар медоштам!» Ман аз додаи Худованд норозӣ нестам ва садҳо маротиба шукргузорам, ки бароям апаю хоҳарони нозанинро ато намудааст, вале ҷойи бародар ҳамеша дар қалбам холист. Ақаллан як ака ё додар медоштам, шояд дар пастиҳои зиндагӣ дастамро мегирифт, кӯмакам мекард. Беакагию бедодарӣ чунон душвор аст, ки…
Дарди маро танҳо касоне мефаҳманд, ки бародар надоранд.
-Имрӯз, ки гули сари сабади мардум гаштед, кашидани бори зиндагӣ бароятон осонтар шудагист? Махфӣ набошад, ҳаққи заҳмататон чанд аст?
-Ростӣ, ман нарх надорам, ба вазъи зиндагии мардум нигоҳ мекунам. Медонед чаро? Худам дар зиндагӣ ранҷу азобҳои бисёр кашидам. Буданд рӯзҳое, ки ба дастгирӣ сахт ниёз доштам, вале касе дастамро нагирифт, буданд лаҳзаҳое, ки ба розшунав эҳтиёҷ доштам, аммо касе дарди диламро ҳатто як лаҳза гӯш кардан нахост, ба ҳамин хотир ман думболи пулу мол намегардам. Кӯшиш мекунам, ки дил ба даст оварам, зеро гуфтаанд:
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст!
-Роҳе, ки шумо пеш гирифтаед, бисёр пурпечутоб аст ва на ҳар кас метавонад тоб биёрад. Боварӣ доред, ки ба қуллаи мақсуд мерасед?
-Дар ҳақиқат пайроҳаи интихобкардаи ман бисёр душворгузар аст, вале ман боварии комил дорам, ки ба мурод мерасам, чунки барфу боронҳои қисматро фаровон дидаам. Дар роҳи ноҳамвори зиндагӣ борҳо пешпо хӯрда, пойҳоямро хуншор кардам, вале аз роҳам нагаштам, чунки ман ҳаққи мағлуб шудан надорам. Зиндагӣ майдони набард аст ва дар ин майдон бояд мардона мубориза бурд!
-Дуо мекунем, ки ба орзуҳои сабзи дилатон бирасед!