35 years of independency
Гулчеҳра Содиқова низ ба зиёрати хонаи Худо рафт
23.10.2026
Oila.tj
195

Гулчеҳра Содиқова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва фалаксарои шинохта ҳамроҳи писараш Муҳаммадвалӣ Орзуев ба Маккаву Мадина сафар кардааст.

Муҳаммадвалӣ Орзуев рӯзи 19-уми октябр дар саҳифаи худ аксеро ҳамроҳи модараш аз Масҷидулҳаром дар шаҳри Макка нашр кардааст. Дар бораи ҷузъиёти дигари сафар маълумот дода нашудааст.

Гулчеҳра Содиқова соҳиби панҷ писару як духтар буда, фарзандонаш низ роҳи ҳунарии падару модарро идома додаанд.

Соли 2008 ӯ ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор гардидааст. Бо вуҷуди расидан ба синни 85-солагӣ, ҳунарманд ҳанӯз ҳам дар саҳна ҳунарнамоӣ карда, анъанаи фалаксароиро идома медиҳад.

Аввали моҳи октябри соли ҷорӣ низ иҷрои фалакҳои ӯ дар як чорабинии сатҳи баланд дар шаҳри Кӯлоб таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД