Сарторик шуда ганда шудам?
Аз тӯйи арӯсиямон як сол гузаштан пас ҳомиладор шудам. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, сарторикиям бисёр вазнин гузашта истодааст. Худро тамоман беҳолу бемадор ҳис мекунам, тобу тоқати ягон бӯйро надорам. Аз рӯзҳои аввали арӯсак шуда ба хонаи шавҳарам омаданам ҳама кору бори рӯзгорро ба зиммаи худ гирифта намегузоштам, ки хушдоманам дасташро ба оби хунук занад. Қайсингилу хушдоманам маро дар ҳама ҷо таърифу тавсиф карда ба осмони ҳафтум мебароварданд. Дар маҳалла ҳамчун келини чаққону парон ном бароварда будам, вале акнун, ки бо сабаби дуҷон шуданам дигар мисли пештара даву тоз карда наметавонам, аҳли оилаи шавҳарам сояи маро аз девор метарошанд. Қошу қавоқи ҳамааш овезону мудом аз пасам ғайбат мекунанд. Чанд бор бадгӯйии хушдоманамро бо ду гӯши худам шунида бошам ҳам, чизе нагуфтам, вале дар дил сахт ранҷидам. Ҳайрон мешавам, охир хушдоманам ҳам мисли ман зан, модар аст ва азобу ранҷи сарторикиро чанд бор аз сар гузаронидааст. Дигарон ҳолати маро дарк карда натавонанд ҳам, вай бояд маро фаҳмад, вале ба ҷойи дастгирӣ намудан ин зани ба мӯяш сафедӣ дамида маро ба ҳама бад карда танбалу коргурез меномад. Ҳолатам бисёр бад аст, баробари аз ҷоям хестан сарам чунон чарх мезанад, ки пеши чашмонам сиёҳӣ зада, дубора ба ҷоям мешинам. Модарам аҳволамро дида, маслиҳат доданд, ки ба назди табиби занонаи минтақавиамон рафта, барои беҳтар шуданам бо маслиҳати мутахассисон ягон доруву дармон гирам. Хушдоманам инро шунида қиёматро қоим кард, ки ман чандто зоида дари духтурро надидаму ту бошӣ пулҳои писари маро сарфи дорую дармон кардан мехоҳӣ. Ростӣ, чӣ кор карданамро намедонам. Шавҳарам аз гапи модараш як қадам берун намебарояд, мур гӯяд, мемурад.
Гулбарг
Аз нақли шавҳар:
Аз зани эркатулфор безорам!
Қабл аз зан гирифтани ман модарам се келини дигар доштанд. Янгаҳоям соҳиби чанд фарзанд шуда, ягон бор чунин нағмаву нағомот накарда буданд. Ёд надорам, ки ягон янгаам «ман сарторик» гуфта, дар ҳузури меҳмонон ба хонаи хобаш даромада, то бегоҳ дар рӯйи диванаш ғел зада бошад. Бечораҳо то рӯзи таваллуд карданашон тамоми кору бори хонаро мекарданд. Дуҷон буданашонро баҳона накарда, фарзандонашонро нигоҳубин мекарданд, хӯрок мепухтанд, хонаву дарро гул барин тозаю озода нигоҳ дошта, бар замми ин, либоси ҳама аҳли оиларо мешустанд. Ягон бор «ман касал» гуфта пояшонро дароз карда дар духтур нахобидаанд. Зани ман бошад, ҳомиладор шудам гуфта либоси худашро базӯр мешӯяд. Хизмати мекардагиаш дар хонаи мо танҳо хӯрок пухтан аст, вале аз уҳдаи ҳамин кори одӣ ҳам намебарояд. Талху пичинги апаву акаҳоям ба ҷонам задаст, аз пушти ҳамсарам аз шарм ба рӯйи падару модарам нигариста наметавонам. Занам аз рӯзи аввали ҳомиладорияш чунин нағма карда истодааст, боварӣ дорам, ки баъди таваллуд карданаш бо баҳонаи тифли ширмак доштан дигар дасташро ба оби хунук ҳам намезанад. Аз минбари сомонаи Оила ба занам гуфтаниям, ки нағмаҳояшро бас кунад, вагарна аз баҳраш мегузарам. Ба ман чунин зани эркатулфор дар ду дунё лозим нест!
Маслиҳати равоншинос:
Ин бародар гуфтааст, ки янгаҳоям хуб буданду зани ман нокора аст. Одамон бо хислату хӯй ва ҳолати руҳиву саломатиашон аз якдигар фарқ доранд ва на ҳамаи бонувон дар давраи ҳомиладорӣ ба сарторикӣ гирифтор мешаванд. Дар ҳолати сарторикӣ дар баъзе занҳо дар ҳақиқат фишори хун хеле паст шуда, ҳолати зан табоҳ мегардад. Вақте фишори хун паст шуда, бар замми ин, зан бемории камхунӣ дорад, қобилияти корияшро аз даст медиҳад. Фаромӯш накунед, ки занатон дар батнаш кӯдак дорад ва ҳолати ӯ ба тифли батнаш бе асар намемонад. Агар шумо сари вақт завҷаатонро ба назди табиби занона бурда, тибқи маслиҳати эшон чакрадоруву дигар фармудаҳои заруриро истифода баред, боварии комил дорем, ки дар муддати хеле кӯтоҳ аҳволи ҳамсаратон беҳтар гашта, аз пайи корҳои хона мешавад. Беҳуда ҳам худу ҳам завҷаатонро асабӣ насозеду зудтар ба назди духтур баред ва барояш хӯрокҳои серғизоро муҳайё намоед.