formula
Гулбаҳор Шокирова пневмания шуд ё коронавирус?
4882

 

Гулбаҳор Шокирова, овозхони ансамбли овозадори “Дарё” як рӯз қабл бо таби баланд, сулфаи хушк ва дарди гулӯ дар беморхона бистарӣ гардида, зери назорати ҷиддии духтурон қарор гирифтааст. Баъди муоина ва ташхиси духтурон маълум гардид, ки сароянда ба бемории пневмания гирифтор шудааст.

Хабарнигори сомонаи "Оила" Рустам Азимӣ бо худи овозхон дар ин маврид ҳамсӯҳбат гашт. Тавре Гулбаҳор гуфт: "Ин бемори ману модарамро аз пой афтонд. Бо таби баланд ва дилбеҳузурӣ ба ёрии таъҷилӣ занг задем ва худи ҳамон лаҳза моро омада муоина карданд. Баъди оне, ки дар организми ману модарам нишонаҳои ин беморӣ пайдо гардид, аз Душанбе ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор интиқол доданд. Азбаски беморхонаҳои Душанбе ҷойи беморқабулкунӣ надоштанд, моро ба беморхонаи шаҳри Ҳисор оварда, бистарӣ намуданд. Бемадорӣ ва дарди сар азият диҳад ҳам, бо доруву дармон табобаташро идома дода истодаем".

Мо аҳли қалами сомонаи “Оила” умед мекунем, ки ин овозхони шинохтаи кишвар ба зуди шифо ёфта боз рӯи саҳнаи тоҷик баргардад ва танаш асло дардро набинад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД