Sebiston new 2024 october
ГУЛБАҲОР АЗИЗОВА: ОСТРЕОХОНДРОЗ МАРО МЕКУШАД!
2105

 

Ман Азизова Гулбаҳор, соли таваллудам 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат мебошам. Қариб 16 сол мешавад, ки аз шавҳарам ҷудо шудаам ва фарзанд ҳам надорам. Иҷоранишинам, иловар бар ин, кор карда наметавонам.

Бемориҳои дил, фишорбаландӣ ва остреохондроз дорам, ки маро кор кардан намегузоранд, чун ҳар дам имкони хурӯҷ кардану бар асари он аз пой афтиданам вуҷуд дорад. Бо сабаби он ки кор намекунам, каму беш фарзандони мардумро нигоҳубин карда, бар ивазаш ягон миқдор маблағ ё чизи дигар мегирам ва зиндагиамро аз ҳамин ҳисоб илоҷе карда пеш мебарам.

Дигар ягон манбаи даромад ва нафаре, ки бо дили пур ба ӯ такя кунам, надорам. Хабар ёфтам, ки Фарзонаи Хуршед ба нафарони бе сарпаноҳ хона туҳфа кардан мехоҳад ва мақсади ба идораи  “Оила” омаданам низ ҳамин аст. Мехоҳам, ки Фарзона дарди дили мани танҳоро хонда, ба ман кӯмак расонад. Рақами телефон: 907971344

Азизова Гулбаҳор,

сокини шаҳри Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД