Бонуи пурҳунар ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Гулбаҳор Ғаффорова дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм аз азоби бехонагию дар ба дарӣ ва иҷоранишиниаш шикоят кардааст.
Ин ҳунарманди машҳур мегӯяд, муддати 20 -солмешавад, ки ӯ дар рӯйи саҳна буда, барои рушду нумӯи ҳаҷви тоҷик саҳми худро мегузорад, вале то ҳол хонаи шахсӣ надорад.
Ба гуфти худи ҳунарманд, дар вақташ бо ваъдаҳои зиёд Гулбаҳор, Муқимҷон ва Сулаймонро ба кор даъват карда буданд, вале аз ин сегона ба Муқимҷон Ҳукумати вилояти Суғд ва ба Сулаймон Вазорати тандурустӣ хона дода бошанд ҳам, Гулбаҳор аз мадди назар дур монда, то ҳол азоби бехонагию иҷоранишинӣ мекашад.
“Ягон маҳаллаи Хуҷанд намондааст, ки ман он ҷо иҷора нанишаста бошам. Айни ҳол дар шаҳри Қайроқум зиндагӣ карда истодаам, вале соҳибхона хонаашро фурӯхтанист. Намедонам боз ба куҷо равам” –мегӯяд ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Гулбаҳор Ғаффорова.
Аз рӯйи гуфти худи ҳунарманд, вай борҳо оиди ин масъала ба ҳукумати Вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон бо мактуб муроҷиат кардааст, вале ягон натиҷа нест.
Гулбаҳор Ғаффорова дар баробари ҳаҷвнигори шинохта буданаш ҳамчунин Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва зиёда аз 20- сол мешавад, ки дар пешрафти фарҳангу санъати тоҷик саҳми арзандаи худро мегузорад. Ин бонуи ҳунарманд мегӯяд, аз он ки мардум ӯро мешиносанд ва заҳматҳояшро қадр карда,ҳурмату эҳтиром мекунанд, шукрона мекунад, аммо бо маоши ночизе, ки мегирад, ягон имконияти хона харидан надорад.
Гулбаҳор Ғаффорова маҷбур шудааст, ки рӯ ба мухлисонаш оварда, аз кулли ҳамватанон хоҳиш намояд, ки ӯро дастгирӣ намоянд, то соҳиби манзил гашта, аз азоби иҷоранишинию дар ба дарӣ халос шавад. Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. ТЧ нисбати тақдири ин бонуи ҳунар бетараф намонда, ба Гулбаҳор Ғаффорва дар харидани хона кӯмак мерасонанд.
Шахсоне, ки ба ин ҳунарманди асил дасти ёрӣ дароз карданиянд, саҳми худро ба корти зер гузаронида метавонанд: 5058 2703 7696 6247 ( Корти миллӣ )