Sebiston new 2024 october
ГУЛБАҲОР ҒАФФОРОВА АЗ ШАВҲАР ҶУДО ШУД?
10446

 Ҷарроҳии кӯррӯда дар рӯзи консерт, нафасгир шудан дар ағбаи “Шаҳристон”, ба об ғарқ шудан дар дарёи Сир, ба садама дучор шуда, ғафт қабурғаро шикастан, марги фарзанди падар ва 22 соли бехонагӣ мавзӯъҳое ҳастанд, ки ба он Гулбаҳор Ғаффорова, ҳунарманди шинохтаву маҳбуби кишвар ин навбат посух мегӯяд.

Чанд муддат аст, ки Гулбаҳор зуд-зуд ба Душанбе меояд. Дар яке аз сафарҳояш ба Орзу Исоев ногуфтаҳояшро гуфт ва ҳоло фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

-Дар фазо, дар дохили тайёра кӯррӯда (аппендицит)-и шумо чӣ гуна кафид?

Дар ин бора муфассалтар маълумот медиҳед?

-Санаи 1-уми апрели соли 2008 театр-студияи “Хандинкамон” бахшида ба Рӯзи ханда дар Душанбе барномаи консертӣ дошт. Бачаҳо пешакӣ бо мошин омаданду ман бояд як рӯз пеш аз консерт бо тайёра меомадам. Рӯзи 30-юми март чипта доштам ва вақте ки ба тайёра нишастам, вуҷудамро дарди ҷонкоҳе фаро гирифт. Дар аввал худам ҳам чизеро нафаҳмидам ва “Нурофен” хӯрда, дардамро сабук кардам. Ба Душанбе расида, аз фурӯдгоҳ баромадам, ки дард дубора авҷ гирифт. Ба замин нишастам, зеро дигар роҳ гашта наметавонистам. Ёрии таъҷилӣ омада, маро ба Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ бурд. Вақте баъди ташхис ба ман гуфтанд, ки дар шумо нишонаҳои кӯррӯда дида мешавад, “шок” шудам. Охир, пагоҳ консерт доштам, мардум интизор буданд. Хулоса, маро ба утоқи ҷарроҳӣ бурданд ва ба таври лазерӣ ҷарроҳиро гузарониданд. Рӯзи консерт духтурон ба ман иҷозати рафтан доданд, аммо ҷои ҷарроҳӣ, ки ҳанӯз ҳам дард мекард, рафта натавонистам ва консерт бе иштироки ман гузашт.

-Акнун дар бораи сафаратон ба ағбаи “Шаҳристон” ҳамроҳи хориҷиҳо нақл кунед...

-Баъди гузаронидани як аксия бояд дар ноҳияи Айнӣ барномаи консертӣ пешниҳод мекардем. Он вақт ҳозира нақби “Шаҳристон” набуд ва бояд бо роҳи ағба меомадем. Се мошин пасу пеш ба баландии ағба расидем, ки яку якбора нафасам танг шуду худро бад ҳис кардам. Ҳамин қадар дар ёдам ҳаст, ки шишаи мошинро поён мекарданд, то ман нафас кашам, аммо ман аз ҳуш рафта будам. Се мошин қафо гашта, маро ба беморхонаи ноҳияи Шаҳристон мебаранд. Баъди гузаронидани 11 сӯзандору ба худ омадам ва пас аз беҳ шудани саломатиам роҳро давом дода будем.

-Аз забони дӯстони ҷониятон шунидам, ки замоне қариб дар дарёи Сир ғарқ мешудед...

-Як замон мо ҳамроҳи театр-студияи “Хандинкамон” барномаи “Дармон”-ро сабт мекардем. Дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), дар соҳили баҳр ману Сулаймон машғули бозӣ будем. Ба Сулаймон таъкид кардам, ки дур наравад, зеро ҳардуямон ҳам оббозӣ карда наметавонистем. Ногаҳон Муқимҷону Анисҷон, ки беҳад бачаҳои шӯх буданд, моро ба дохили об партофтанд. Оббозӣ карда, ки наметавонем, аз ҷоямон хеста натавонистем. Чӣ қадар об хӯрдам, чӣ қадар доду вой кардам...

Дасту поям суст шуду дигар ҷунбида натавонистам. Баъд як кас аз куртаам кашида, аз об берун овард ва мебинам, ки он шахс Муқимҷон будааст.

-Вақте ки ба садама дучор шудеду ҳафт қабурғаатон шикаст, ба дӯстону душманонатон гуфтед, ки “интизор нашавед, Гулбаҳор намемирад”. Дар бораи ин садама ҳарф мезанед?

-“Гулбаҳор мурд”, “дар дохили мошин пачақ шуд”, “дасту пояш аз танаш ҷудо шуд”, “сараш ҷудо шуд” гуфта, ҳамон вақт чунин овозаҳо зиёд паҳн шуда буданд. Ба аввалин рӯзноманигоре, ки аз Радиои Озодӣ барои мусоҳиба наздам омада буд, гуфта будам, ки “Шумо ҳоло аз ман халос намешавед, ҳатто фикрашро накунед, ман зиндаву саломат ҳастам”. Зан ҳамон занест, мард ҳамон мардест, ки новобаста аз монеаву мушкилиҳои ҳаёт пайваста ба пеш ҳаракат мекунад.

-Баъди он садама аз мошинсаворӣ даст кашидед?

-Ҳамагӣ як сол, аз ин зиёд не. Модарам иҷозат намедоданд, аммо баъди як сол падарам маҷбур карда, ба сари чанбараки мошини худашон шинонданд. “Номард нашав” гуфтаанд падарам

-Гулбаҳор, дар оила чанд фарзандед?

-Чор нафар, ду писару ду духтар будем. Апаам соли 2010 каме бемор шуда, аз дунё гузаштанд. Хеле бароям наздик буданд. Меҳрубониҳояшонро ҳар дам ба хотир оварда меистам, ки дар як рӯз чанд маротиба занг зада, ҳоли маро мепурсиданд.

-Чанд сола буданд?

-Сию шаш...

-Фарзандони апаатон бо падарашон монданд?

-Не, онҳо ҳамроҳи мо ҳастанд. Падарашон ба муҳоҷират рафта, аз соли 2001 инҷониб беному нишон аст. Мурдааст ё зинда, намедонем. Шояд апаам аз ғами шавҳарашон бемор шуда, вафот карданд, чунки онҳо дӯст дошта, оиладор шуда буданд. Духтари апаамро ба шавҳар додем, ҳоло чор фарзанд дорад. Писари калониашон низ соли гузашта оиладор шуд. Писари хурдӣ дар синфи 10-ум мехонад.

-Писари худатон чӣ ҳол дорад? Калон шудааст?

-Бале, калонак шудааст. Дар синфи якум мехонад. Бовар мекунед, ӯ бароям маънии ҳаётам аст.

-Бисёриҳо мегӯянд, ки “Гулбаҳор дигар бо шавҳараш зиндагӣ намекунад”. Мехоҳам ҳақиқатро аз забони худатон шунавам.

-Бале, чунки он кас каме “хулиганӣ” карданд. Агар боодоб шаванд, албатта, зиндагиро идома медиҳем.
-Чанд сол пеш дар як суҳбатамон гуфта будед, ки иҷоранишин ҳастед. Умедворам, ки ҳоло дар Хуҷанд соҳиби хона шудаед...

-Қариб 22 сол мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекунам ва мутаассифона, масъалаи хона то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД