arzon replenishment
ГУЛАНДОМ АМАКАШРО КУШТ
5922

 

     Оилаи хушбахт

Ман дар хонадони сарватманд ва овозадоре ба дунё омадаам, кофист, ки номи ноҳияамонро нависам ва ҳамагон мешиносанд, ки ман кистам. Миёни панҷ бародар хоҳари ягона ва азизи дилу дидаи бародарон будам, модарам чун ҳама занҳои қишлоқ хонашин буданд, падарам бошад дар корҳои гуногуни соҳаи савдо фаъолият мекарданд. Бародаронам бачаҳои корчалон, ки буданд, баъди хатми матаби олӣ зуд соҳиби вазифаҳои равғанин мегаштанд. Бародари калониям директори заводи пахтатозакунӣ, дуввумӣ сардори корхонаи хурди ширӣ, саввумӣ мудири базаи савдо буд, ду нафари дигар ба деҳқонӣ машғул бошанд ҳам аз ҳисоби давлати бародарон зиндагии шоҳона доштанд. Бойдухтар, ки будам, талабгоронам аз мӯйи сарам зиёд буданд. Падарам тӯйи осмонкаф ороста маро ба ҷавони дӯстдоштаам, ки ҷонишини раиси хоҷагӣ ва аз оилаи сарватманд буд, ба шавҳар дод. Дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надоштем. Хушбахт будем, вале….

Чашми бад

Шояд ба зиндагии тинҷу осудаи мо чашми бад расид, ки бародари хурдиям, домоди ба чилла ҳангоми мусобиқаи бузкашӣ аз асп афтид ва ба беморхона нарасида ҳалок гашт. Ин ғам хонаи тӯйхонаи моро ба мотамсаро табдил дод. Беҳуда нагуфтаанд, ки ғам болои ғам меояд, аз фоҷиаи бародари ҷавонмаргам шаш моҳ гузашта акаамро, ки директори заводи пахта буд, барои камомад ба додгоҳ кашида ба муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон намуданд. Модарам шабу рӯз гиря мекард, падарам бошад, барои ғами дилашро баровардан рӯ ба дашту биёбон оварда, танҳо шабона ба хона меомад, ҳамаи ин бас набуд, ки зани бародари дар маҳбас будаам ба марди дигар ба шавҳар баромада, духтарчаи дусолаашро оварда ба мо дода рафт. «Ман умри ҷавонамро сарфи писари туремшики шумо намекунам, мана ин ҳаромиятон низ ба худатон насиб кунад»,- гуфт келин ҳангоми хайрухуш…

Азбаски келинамон пас аз зиндонӣ шудани акаам ба хонаи модараш рафта буд ва духтарчаашро ҳатто ба мо нишон намедод, мубтало ба дарду ғами худ мо ҳам дигар ӯро суроғ нарафта будем, аз ҳамин сабаб Гуландоми дусола мисли девонаҳо доду фарёд бардошта, касеро ба худаш наздик шудан намемонд. Намедонистем чӣ кор кунем…

          Арӯсаки кӯдакдор

Аз байни ҳама аммаву амакҳояш танҳо ман бо меҳрубонию туҳфаҳои зиёд тавонистам дили Гуландоми кӯчакро ба даст орам. Акнун ҷияни очадори бе очаам дасташро аз домони ман намеканд. Хушбахтона кампири хушдоманам ба «кӯдакдор» шудани келини арӯсакаш бо меҳрубонӣ назар мекард, кампир аз ман зиёдтар ба Гуландомча меҳр баста буд. Шавҳарам як апа дошт ва фарзандони ӯ кайҳо қад кашида, калон шуда буданд, онҳо тез-тез ба хонаи мо омада, Гуландомро рӯ-рӯйи даст мебардоштанд ва баъзан гирифта ба хонаашон мебурданд. Духтарча думушта сарашро хорида, мехост мӯйҳояшро канда гирад, чун сарашро аз назар гузаронидам ба даҳшат афтодам, миёни мӯйҳои ҷингилаи зебояш пур-пури шабушк буд. Зуд сарашро тарошидаму либосҳояшро ба оташ партофта, Гуландомро оббозӣ дорондам. Бо гузашти ду- се моҳ кӯдак чунон фарбеҳаку зебо шуд, ки одами дидагӣ ӯро намешинохт. Азбаски мо дар як деҳа зиндагӣ мекардем, падару модарам барои хумори дидори писари маҳбусашонро шикастан набераашонро тез-тез ба хонаи худашон мебурданд. Хулоса, ин духтарчаи эрка дар ду хона фармонфармо буд…

   Балодухтар

Бо мурури солҳо Гуландом қад кашида чунон зебо шуд, ки каси дидагӣ як бори дигар бинам мегуфт. Падараш аз зиндон раҳо шуда дубора дар зиндагӣ мавқеашро ёфт ва ба ҷавонзани меҳрубоне оиладор шуд, аммо падару модарам Гуландомро ба ӯ надоданд. Ман ҳам соҳиби фарзандон гашта будам. Бачаҳоям Гуландомро бо меҳр холаҷон мегуфтанд. Бадбахтона тарбияи неки додаи ман ба ниҳоди зотан нопоки ҷиянам заррае асар накарда, Гуландом бисёр сабукандеша ба воя расид. Ҷияни бо ҳусну ҷамоли зебояш мағрурам гоҳ бо ин ҷавон муносибатҳои ошиқона барқарор мекарду гоҳ бо ҷавони дигар. Бародари дуввумам Амир, ки мудири базаи савдо буд, барои беобрӯ нашудан пас аз хатми мактаб ӯро ба писари амаки занаш дод. Ризо, ҷавони қоматбаланду зебо, мудири мағозаи хӯрокворӣ ва соҳиби ҳавлии алоҳида буд. Гуландомро пас аз баромадани чиллаи арӯсияш ба хонаи худаш кӯчонданд. Хушдоману хоҳаршӯҳояш садқаю балогардони келини соҳибҷамолашон буданд. Гуландоми танпарвар рӯзи дароз ба дугонабозию мағозагардӣ овора буду хоҳаршӯи кенҷагияш, ки дар синфи ҳаштум мехонд, хизмати ӯро мекард. Ризо он қадар шефтаи ҳамсараш буд, ки ба гуфти рафиқонаш ҳатто ба садои «каблук»-и Гуландомҷонаш лаббай мегуфт. Ҳама медонистанд, ки ин балодухтар танҳо аз Амири амакаш метарсад, вагарна дар болои сари Ризои занкалон чормағз мешиканад. Амир сари чанд вақт ба хонаи Гуландом рафта, ӯро дар танҳоӣ насиҳат мекард, даркор шавад дуғу пӯписаро низ раво медид.

Оташи ҷанг

Оромии оилаи мо, умуман ватанро садои тиру туфанги ҷанги шаҳрвандӣ халалдор намуд ва бародарони ман низ қатори дигарон гуреза шуданд. Гуландомро худо дод, зеро дигар амакаш Амир набуд, ки лаҷомашро кашида истад. Аз сустии шавҳараш истифода бурда, дилаш ҳар чи хоҳад, ҳамонро мекард. Бо қумандоне аҳди ошиқӣ баста, бо пули ҳамон ошиқаш зиндагиашро таъмин мекард. Ризо аз тарси ҷон лому мим нагуфта бо фарзандонаш дар хона менишаст, Гуландом медонисту дави аспаш.

Овозаю овоза…

Хушбахтона ҷанг тамом шуд ва бародаронам аз гурезагӣ баргаштанд. Дар ин миён падару модарам дунёро падруд гуфта буданд. Амир баъди ҷанг ба тиҷорат сар кард, Гуландом низ зуд-зуд ба Дубайю Эрону Ҳиндустон рафта ба гуфти худаш тиҷорат мекард, вале дар маҳалла дар бораи ҷиянам ҳар хел овозаҳои бад паҳн гашта буданд. Мардум мегуфтанд, ки Гуландом мисли худаш занҳои зеборо ҷамъ карда ба хориҷа барои фоҳишагию танфурӯшӣ мебарад. Ин миш-мишҳо ба гӯши Амир низ расиданд ва ӯ ба хонаи Гуландом рафта, то ними шаб нишаст, то бо ҷиянаш сари ин масъала ҷиддӣ гуфтугӯ кунад. Гуландом ҳамон бегоҳ хеле дер ба хонааш омада, амакашро дар сари миз бо Ризо дида, ҳайрон мешавад. Амир ба Гуландом мегӯяд, ки минбаъд як қадам аз дари хонааш берун намеравад. «Ман Ризоро дар тиҷорат ҳамроҳам мегирам, дайдугӣ бас аст»,- таъкид мекунад бародарам. Гуландом майлаш мегӯяд, вале баъди як ҳафтаи ин гуфтугӯ ҷасади бародарамро аз зери купруке пайдо карданд. Рӯзи ҷаноза Гуландом рӯю мӯяшро канда баробари ман нола мекард. Ҳама аҳли оила дар ғами Амири чилупанҷсолаи ғурамарг хун мехӯрдем…                      

Мастию ростӣ

Гуландом ҳама маъракаҳои амакаш Амирро чун тӯй гузаронд. Ростӣ, дасти мадади ҷиянам ба мани бевамонда низ мерасид. Шавҳарам аз бемории зардпарвин оламро падуруд гуфта, ман бо як хона бача танҳо монда будам ва Гуландом оилаи бесаробони моро бо хӯрока таъмин мекард. Вай бо як полковники милиса мисли зану шавҳар зиндагӣ мекард, вале дар назди мардум ошиқашро бародархонд меномид. Шавҳараш Ризо аламашро аз шароб гирифта, ҳамеша май менӯшид ва ҳамин ки ман ба хонаашон рафтам, кулбори аламҳояшро дар наздам кушода мегуфт:

-Апа, ҷиянат ҷалаб аст, мисли модараш. Дидӣ, дар вақташ модараш ӯро партофта рафта бошад ҳам, очаи ҷалабашро ёфта дар пирӣ ӯро нигоҳубин кард. Очааш саг барин ҳаром мурд, вале ин зани ҷалаби ман оши худоӣ ва ҳафту чили он фоҳишаро дар тарабонаҳо гузаронд, дар ҳаққи кампири бибиаш бошад, як табақ нон ҳам накард, ҳарчанд ӯро ҳамон кампирак ва шумоён калон кардед. Дар сари қабри очаи фоҳишааш, ки бо миллион мард ҳамхоба шуда буд, санги мармар гузошт, аммо гӯри бобою бибияшро ягон бор хабар мегирад?!

Аксари вақт ман Ризоро насиҳат мекардам, ки дар ҳаққи занаш чунин гапҳоро нагӯяд, вале дар дил худ ба худ иқрор будам, ки ӯ рост мегӯяд. Як рӯз Ризо мастомаст сиреро кушод, ки аз шуниданаш ман шах шудам.

-Медонед, додаратон Амир, рафиқи ҷонии маро ҳамин ҷалаб кушт апа, Амир ба ӯ амр кард, ки тамом, дигар дайдугӣ намекунӣ ва ӯ илоҷи дигар наёфта ба буққаҳояш фармуд, ки Амирро кушанд,- зор-зор гириста нақл кард Ризо.

Албатта ман инро ба Гуландом нагуфтам, вале…

Ҷазои парвардигор

Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса Ризо аз Гуланлом ба таври қонунӣ ҷудо шуд ва зани дигар гирифт. Гуландом кӯдаконашро ба Ризо дода, зани дуюми акахондаш шуд. Аз заношӯии эшон соле нагузашта полковники милисаро барои нашъаҷалобияш дастгир карданд ва ӯ дар зиндон худашро овехт. Гуландом бехонаю дар монда овораю дар ба дар шуд. Касе аз хешу табор ба ӯ рӯи хуш намедод, танҳо ман пинҳонӣ аз ҳама кам-кам ба ӯ ёрӣ медодам, зеро писаронам аллакай калону пулёб шуда буданд ва мехостам ҷавоби некиҳои дар рӯзҳои душвори ҳаётамон ба ману фарзандонам кардаашро ба қадри имкон ба ӯ баргардонам.

     Пайғоми ҳақ

Гапи мудҳиши Ризо аз хотирам баромада буд, вале як шаб модарамро хоб дидам. Ҳамон шаб Гуландом меҳмонам буд. Дар хобам ба модарам гуфтам, ки очаҷон, ин Гуландом аст, чаро ҳамроҳаш салом намекунӣ? Модарам рӯяшро бо лаби қарсаш пӯшонида гуфт: «Гумаш кун, ин фоҳишаи Худозадаро, бачама ҳамин кушт…»

Мардум хобро пайғоми ҳақ мегӯянд, ҳарчанд ҳеҷ гоҳ аз ҷиянам напурсидаам, ки ӯ дар қатли бародарам даст дорад ё не, вале баъди ҳамон хоби дидаам ман дар дил ба Гуландом нафрат дорам. Ғами дар ниҳонхонаи дил зангорбастаамро барои он рӯи саҳифа овардам, ки каме сабук шавам….

                                                                                              Руқиямоҳ

                                                                                            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД