Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Фаига Оташин.
Сол ва ҷойи таваллуд: 05.05.1950, шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Касб: ҳунарпешаи синамо ва овозхон.
Вазъи оилавӣ: муҷаррад, соҳиби як фарзанд, қаблан се маротиба оиладор шудааст.
Фаига Оташин мулаққаб ба Гугуш дар кӯчаи Сарчашмаи шаҳри Теҳрон дар оилаи муҳоҷирони озарӣ аз Озарбойҷон ба дунё омадааст. Аз кӯдакӣ ҳамроҳи падараш дар саҳна машқ мекард ва 7-сола буд, ки дар филмҳо нақш меофарид. Ӯ қариб дар 30 филм нақш офаридааст, ки сербинандатарин ва маъруфтарини онҳо филми “Шаби дароз” мебошад. Гугуш бо забонҳои форсӣ, арманӣ, арабӣ, озарӣ, англисӣ, итолиёӣ, испанӣ ва франсузӣ суруд сароида, дар ҳама ҷо худро эронӣ муаррифӣ кардааст. Аз ин бармеояд, ки ӯ Ватани худро дӯст медорад. Се маротиба издивоҷ карда, аз шавҳари якумаш бо номи Комбиз як писар дорад.
-Гугуш, вақтҳои охир камнамо шудаед, чӣ ҳолу ҳаво доред?
-Пандемияи коронавирус моро камнамо кард, аммо ин маънои онро надорад, ки мухлисонамро ба куллӣ фаромӯш карда бошам. Чун вазъ дар Амрико мураккабтар аст, мо ҳам қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда истодаем.
-Ҳоло дар кадом шаҳри Амрико зиндагӣ доред?
-Дар Лос-Анҷелос...
-Шумо дар Эрон таваллуд шудаед, аммо чаро баъзеҳо озарӣ мегӯянду бархеи дигар арманӣ?
-Бале, хуни нофи ман дар Теҳрон рехтааст, яъне ман зодаи Эрон-эронӣ ҳастам. Соле, ки ман ба дунё омадам, ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам нахӯрда буд ва Озарбойҷон низ узви давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Падару модари ман ҳамчун муҳоҷирони озарӣ дар Эрон кору зиндагӣ мекарданд. Яъне, ман ҳам эрониаму ҳам озарӣ.
-Арманӣ чӣ?
-Танҳо номи Гугуш арманист, вале ин маънои онро надорад, ки ман ҳам арманӣ бошам.
-Пас, чаро мардуми Озарбойҷон шуморо чашми дидан надоранд?
-Кӣ мегӯяд, ки онҳо маро бад мебинанд? Ман ҳеҷ гоҳ озарӣ будани худро инкор накардаам. Онҳо низ ҳамватанони ман ҳастанд. Бо забони озарӣ чанд суруди ман нашр шудааст, мухлисони зиёд низ дорам.
-Биёед, атрофи номатон суҳбат кунем. Чаро худро Фаига неву Гугуш муаррифӣ кардед?
-Аслан, Гугуш номи арманӣ буда, хоси писарон аст. Баъди таваллуд шуданам волидонам ба ман Гугуш ном мегузоранд. Аммо дар вақти гирифтани шаҳодатномаи таваллуд мушкилӣ пеш меояд, зеро дар он давра гузоштани чунин номҳо манъ буданд. Бояд ба навзодон номҳои эронӣ мегузоштанд. Ҳамин тавр, ба ман номи эронии Фаигаро гузоштанд. Номи Гугуш, ки ба ман писанд буд, баъдан ҳамчун тахаллуси саҳнавиам истифода бурдам ва аз он ки Фаига ном дорам, мефахрам, чун онро падару модарам интихоб кардаанд.
-Синну солатон ба ҷое расидааст ва дар давоми умри 70-солаи худ зиёд талхиву шириниҳоро чашидед. Ҳоло кадоме аз рӯзҳои гузашта шуморо бештар ғамгин мекунанд?
-Пеш аз ҳама Худоро ҳазор шукр, ки маро мусалмон офарид. 70 сол ба гуфтан осон аст, аммо бубинед, ман ҳамин қадар умр дидаам. Қариб як аср. Дуруст, талхиву шириниҳои зиёдро чашидам, аммо дарди ҳеҷ кадоми онҳо аз дарди дур будан аз Ватан сахттару ҷонкоҳтар набуду нест. Эрониам, аммо дар Амрико зиндагӣ дорам. Умрам ба ҷое расидааст ва фикри дар мулки бегона ҷон додан мудом маро ғамгин мекунад. Баъзе вақтҳо Амрикоро хонаи дувуми худ гуфта, худамро тасаллӣ медиҳам. Лекин то дами марг аз эронӣ буданам мефахрам.
-Ҳунарпешаи синамо ҳам ҳастед, аммо қариб 40 сол мешавад, ки филми нави шуморо надидаем, чаро?
-Бале, қариб дар 30 филм нақш офаридаам ва ҳамаи онҳо то замони ба Амрико омаданам, яъне то соли 1979 буданд. Дигар ба овозхонӣ рӯ овардам ва тарки нақшофарӣ кардам. Баъзан дар клипҳои худам нақш офарида, бо ҳамин роҳ худро ором мекунам.
-Эронро ин қадар дӯст медоред, пас чаро таркаш кардед?
-Медонед, солҳои 70-уми асри гузашта авҷи шуҳрати ман буд. Соли 1979 баъди Инқилоби исломӣ дар Эрон ҳунарнамоии маро манъ карданд. Мисли мурғи дар қафас будам. Магар ҳунармандро аз ҳунару санъаташ дур карда мешавад? Ин мисли онест, ки модарро аз фарзандаш ҷудо мекунанд. Ҳамин тавр, ба Амрико кӯчидам, вале бо санъатам Эронро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунам.
-Зиёда аз 60 соли умри худро сарфи ҳунару санъат кардед, аммо чаро ҷоиза ё унвоне надоред?
-Беҳтарин ҷоизаву унвон муҳаббати бепоёни мардуми ҷаҳон аст, ки сурудҳои маро гӯш мекунанд. Ман дӯстдори ҷоизаву унвонҳои дурӯғин нестам.