arzon replenishment
Гӯшвораҳоро баргардон, Гулбону!
4546

 

Ман бо Гулбону дар донишгоҳ шинос шуда, ният доштам, ки ӯро ба занӣ мегирам. Дар ин миён модарам вафот кард ва армони шаҳбача дидани писарашро ба хок бурд. Қабл аз маргаш модарам ба ман гӯшвораҳои тиллоии худро дода, хоҳиш намуд, ки онро ба арӯсшавандаам тӯҳфа созам. Ман гӯшвораҳоро гирифта, дарҳол бурда, ба Гулбону додам. Дӯстдоштаам аз тӯҳфаи ман хеле хурсанд шуд. Азбаски шароити хона вазнин буд, аз донишгоҳ рухсатии академӣ гирифта, ба Қазоқистон сафар кардам. Дар он ҷо якуним сол кор карда, пул ҷамъ мекардам. Намедонам барои чӣ Гулбону ҳангоми дар муҳоҷират буданам ба ман занг намезад. Вақте ба Тоҷикистон баргаштам, худи ҳамон рӯз ба донишгоҳ рафта, Гулбонуро наёфтам. Вақте аз ҳамкурсонам пурсидам, онҳо ба ман гуфтанд, ки баъди рафтани ман Гулбону ба Назар ном ҷавоне ошиқ шуда, ба шавҳар баромадаасту дар як ноҳияи дурдаст зиндагӣ доштааст. Пеши чашмам ҳавасҳои модарам меояд ва афсӯс мехӯрам, ки ба Гулбонуи хиёнаткор ошиқ шудам. Медонам, ки ҳафтаномаи “Оила”-ро дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ мутолиа мекунанд, аз ин рӯ, тавассути ин ҷаридаи дардошно ба оне, ки орзуву ҳавасҳоямро ба хоки сиёҳ яксон намуд, гуфтан мехоҳам: Гулбону, агар ин паёми маро мехонӣ, лутфан гӯшвораҳои модарамро ба ман баргардон, зеро онҳо ягона ёдгорӣ аз модарам ҳастанд ва бояд моли арӯси ояндаи ман бошанд!

Диловар, н.Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД