Formula september
Гонорея - бемории хатарноке, ки аз мард ба зан мегузарад
18.09.2024
Оила.тҷ
1234

Зиндагӣ бо ишқу муҳаббат зебост, вале набояд фаромӯш кард, ки баъзан муносибатҳои маҳрамона касро ба ҳар хел касалиҳо гирифтор намуда метавонанд. Имрӯз мо дар бораи як бемории хавфнок ба шумо маълумот медиҳем, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад.

Гонорея ва оқибатҳои он

Табибон гонореяро баъзан “зукоми фаронсавӣ” меноманд, зеро мисли зуком бемории паҳншуда мебошад. Он асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад, вале баъзан ҳангоми оббозӣ дар ҳавз, истифодаи ҳаммом ва ҳоҷатхонаи умумӣ низ аз ин касалӣ сироят ёфтан мумкин аст.

Хушбахтона барангезандаи гонорея - гонококҳо дар ҳавои кушод зуд нобуд мешаванд ва хатари аз истифодаи ҳаммом ва ҳоҷатхонаи умумӣ сироят ёфтан камтар аст, аммо ҳангоми ишқварзӣ бо шахси бемор ба осонӣ метавон ба гонорея гирифтор шуд.

Нишонаҳои беморӣ

Нишонаҳои сироятёбӣ дар мардон пас аз чанд рӯз пайдо шуда, ҳангоми пешоб кардан дардро ҳис мекунанд, аммо дар занҳо ин беморӣ метавонад ба таври ноаён ҷараён гирифта, боиси илтиҳоби бачадон ва варам кардани ғадудҳо гашта, оқибатҳои ногуворро ба бор оварад. Зане, ки аз гонорея сироят ёфтааст, ҷараёни ҳайзаш вайрон шуда, таб мекунад, дилаш тез-тез беҳузур мешавад, аз дарди сахти шикам азият мекашад. Дар сурати бепарвоӣ ва муроҷиат накардан ба табибон гонорея метавонад оқибатҳои ногуворро ба бор оварда, занро безурёт созад.

Табобати беморӣ

Барои пешгирии оқибатҳои нохуши ганорея зан бояд ҳатман сари вақт табобат бигирад. Мариз ба тозагӣ сироят ёфта бошад, табобат ҳамагӣ ду ҳафта давом мекунад, вале беморӣ кӯҳна шуда бошад, табобати гонорея чанд моҳ тӯл кашида метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД