arzon replenishment
Гиряи марди нобино барои чеҳраи пайвандонаш
2893
Гиряи марди нобино барои чеҳраи пайвандонаш

Идибек муддати панҷ сол аст, ки аз чашми бино маҳрум аст. Ӯ бе кумаки писаронаш ҷое рафта наметавонад ва набудани онҳо барояш хеле сангин аст.

Оқилов Идибек, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни вилояти хатлон буда, соҳиби 3 писар мебошад. Идибек баъди чарохии майнаи сар якбора нобино гашт ва зиндагии у кулан тагйир ёфт.

То панч сол пеш ӯ устои чирадаст буд. Бо ҳунари дастонаш ҳам хонаи ҳамдеҳагиҳову ҳамилатон ва ҳам иншоотҳои берун аз марзро зебогии дубора мебахшид ва зиндагиашро пеш мебурд. Акнун имрӯз у дастингар аст, ки барояш кумак мекунаду ки дасташро гирифта то беруни хавли мебарорад.

Окил, писари калонии Идибек мебошад ва ҳар лаҳза дар паҳлуяш аст. Ҳангоми сухбат ӯ дарди падарро ҳис мекарду гиряи бесадо дошту ашки худро пинҳон мекард. Аз нигоҳҳояш барои баркарор шудани чашмони падараш аз мардуми точики хайрхоҳ кумак мехост, то ки падараш мисли дигар падархо болои сарашон солиму бино бошад ва хостаҳояшонро бароварда созад.

Якбора нобино гаштани писар падарро, низ гам бемор карду ба бемории фишорбаланди гирифтораш намуд. Таъмини оилаи писари нобиноаш бо се фарзанди хурдсол барояш сангин аст, вале умед дорад, ки нафарони хайрхоҳ барои баркарор шудани куваи босираи писари нобиноаш бетараф нахоҳанд истод.

Идибек бо ҳазорон умед ба сомонаи ОИЛА ТЧ тамос гирифт, то ки бо дастгирии мардони саховатпеша ва шахсони хайрҳо маблаги зарурӣ барои чароҳии чашмамш, ки 10 000 доларро ташкил мекунад, ҷам овардад. Ягона орзуяш ин аст, ки ҳар субҳу шом чеҳари гарми падару модар ва фарзандонашро бо чашмони хеш бубинад.

Саховатмандону хайрхоҳоне, ки зиндагии Идибекро тамошо доранд, ва барои барқарор шудани қувваи биноии ӯ саҳм гузоштан мехоҳанд, ин кортҳо фаъол аст ва ҳамзамон метавонанд бевосита ба худи ӯ суҳбат намоянд.

5058-2702-8953-5410 (АЛИФ) рақами пайваст 93-120-80-88

+7-910-34-02-256 рақамҳое, ки бо корти СБЕРБОНК пайваст аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД