arzon replenishment
Гиря кардан дар тӯй чӣ таъбир дорад?
2004

Мард хоб бинад, ки дар шаби тӯяш танҳо асту гиря дорад, таъбираш чист? Илтимос, дар ҳамин бора камтар маълумот диҳед!

Тарона, ш. Душанбе

Хоби дидаи шумо дар хобномаҳои гуногун ба таври мухталиф таъбир карда шудааст.

Мувофиқи хобномаҳои исломӣ гиря кардан дар рӯзи тӯй дар хоб фоли нек аст. Кас хоб бинад, ки дар рӯзи тӯяш гиря карда истодааст, дар ҳаёташ тағйиротҳои хеле хуб рӯй медиҳанд ва соҳиби вазифаи баланду даромади калон мешавад ё дар хонаводааш ягон ҳодисаи аҷибу хурсандибахше ба амал меояд, ки боиси шодию нишоти шахси хобдида мегардад.

Таъбири чунин хоб ҳамин аст, ки тақдир ба рӯйи шумо дари бахту саодатро боз мекунад ва метавонед ба осонӣ ба орзуву ҳавасҳои дилатон бирасад.

Дар бархе аз хобномаҳои дигар омадааст, ки гиря кардан дар шаби тӯй дар хоб як навъ огоҳӣ аст ва шахсе, ки чунин хоб мебинад, ба доми ишқи ёри бевафое меафтад, ки дар нимароҳи ҳаёт ӯро танҳо гузошта меравад.

Зан хоб бинад, ки дар шаби тӯяш гиря дорад, дари бахту саодат ба рӯяш кушода мешавад, вале мард чунин хоб бинад, бояд эҳтиёткор бошад. Гиря кардан дар тӯй дар хоби мард аз сар задани баҳсу мунозира дарак медиҳад.

Марде, ки чунин хоб дидааст, махсусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва истироҳатию фароғатӣ бояд эҳтиёт шавад, чунки баҳси хурдакаке, ки аз дупула гап сар шудааст, метавонад ба ҷанҷоли калон ва занозанӣ табдил ёбад. Кӯшиш кунед, ки ба ягон баҳсу мунозира ҳамроҳ нашавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Саддам Хусейн 2023-08-27, 13:33
Келаски сараш набуда дар хоб чист камтар малумот медоден
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Саддам Хусейн 2023-08-27, 13:33
Келаски сараш набуда дар хоб чист камтар малумот медоден
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД