Дирӯз думаи давлатии Русия лоиҳаи Қонун дар бораи гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россияро, ки президенти ин кишвар Владимир Путин ба палатаи поёнӣ пешниҳод намуда буд, дар хониши аввал якдилона қабул кард.
Тағйиротҳое, ки ба қонуни мазкур ворид карда шудаанд, гирифтани шаҳрванди Русияро барои зодагони собиқ кишварҳои СССР, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд ва шахсони бе табаа нисбатан осон менамоянд.
Тибқи қонуни нав 20 табақаи одамон, ки забони русӣ ва таърихи Русияро медонанд, аз қонунҳои ин кишвар хабардор ҳастанд, конститутсия ва дигар қонунҳои Русияро эҳтиром ва риоя намуда, барои ҷомеа ягон хавф надоранд, метавонанд бо тартиби сода карда шуда шаҳрвандии Федератсияи Росссияро қабул намояд.
Аз ҷумла шаҳрвандони собиқ кишварҳои СССР ва фарзандони онҳо, иштирокчиёни барномаи кӯчбандии ихтиёрӣ ба Русия (Участники программи переселения в РФ. ), шахсоне, ки хешу табори наздикашон (падар, модар ва ғайра) дар қаламравӣ Русия ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии ин кишварро доранд, ҳамчунин афроде, ки дар ҳудуди Русия (РСФСР)то 6 феврали соли 1992 ба дунё омадаанд ва хизматчиёни ҳарбие, ки то 6 феврали соли 1992 қасами ҳарбиро дар сафи қувваҳои низомии Русия қабул карда, берун аз сарҳади Русия, дар дигар кишварҳо дар ҳайъати қувваҳои мусаллаҳи Русия хизмат кардаанд, ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби сода карда шуда шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул намоянд. Доштани шаҳрвандии кишвари дигар ба ин табақа барои ба даст овардани шаҳрвандии Россия монеъ намегардад.
Ҳуқуқи қабули қарор дар бораи додани шаҳрвандии Федератсияи Россия ба дигар категрияи шахсон ба Вазорати корҳои дохилии Россия ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар вогузор карда шудааст.
Ҳамзамон ваколатҳои президинти кишвар барои муаян кардани категорияи шахсоне, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро бо тартиби сода карда шуда қабул карда метавонанд, васеъ карда шуд. Сарвари давлат метавонад натанҳо аз рӯйи эҳсоси инсондӯстӣ, балки бо мақсадҳои дигар низ ин катагорияро муайян ва барои гирифтани шаҳрвандии Русия бо тартиби сода карда ба онҳо мусоидат намояд.
Шаҳрвандони Белорусия, Украина, Молдова ва Қазоқистон ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.