"Хадамоти шиноснома ва раводид"-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе созишномаеро барои муҳоҷиронии кории тоҷик ба имзо расониданд, ки дар ҳолати фаъол гардидани ин ниҳод онҳо дар Душанбе метавонанд патент ё иҷозаи кор дар Русияро пеш аз сафар ба ин кишвар дарёфт намоянд.
Тавре гуфта шудааст, ин созишро намояндагони Вазорати корҳои дохилии Русия бо намояндагони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имзо кардаанд.
Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки вақте ин марказ таъсис ёфт, муҳоҷирони кории тоҷик имкон пайдо мекунанд, дар худи Тоҷикистон патент ё иҷозаи кор дар Русияро ба даст оранд.Ҳамчунин муҳоҷирон имкон доранд, пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе изи ангушт супоранд ва шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ бигиранд, ки яке аз шартҳои пайдо кардани кор дар ин кишвар аст.
Шараф Қудратов, ки солҳои зиёд аст, ба Русия ба кор меравад, роҳандозӣ шудани чунин тарҳро дар ҳоли ҳозир ба манфиати муҳоҷирони тоҷик намеҳисобад, чунки ӯ мегӯяд, вақте муҳоҷир ба қаламравӣ Русия ворид мешавад, ӯ аз корфармо пул гирифта, баъд патент мекунад, дар Тоҷикистон ҳамон қадар маблағ пайдо мекунад, ки барои сафараш ба Русия чипта харида биёяд.
Аммо Раҳматулло Давлатов, ки 14 рӯз пеш ба Русия ба мардикорӣ рафтаасту айни ҳол дар сохтмон фаъолият дорад, мегӯяд, созишнома бар манфиати муҳоҷири тоҷик аст, зеро дар Русия барои гирифтани патент муҳоҷир 15 –рӯз интизор мешавад, то иҷозатномаи кор гирад. “Хуб аст, ки дар кишвар ин роҳандозӣ гардад ва бемушкилӣ ва масрафи вақт мушкилии асосии муҳоҷир ҳал мегардад”-гуфтааст Давлатов.
Қурбоналӣ Азимов, ки дар як ошхона дар Федератсияи Русия кор мекунад, ба измо расидани созишномаро дастгирӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ба андешаи ман ин иқдоми хуб аст, чунки муҳоҷирон омада дар ин ҷо, яъне Русия сарсону овора намешаванд ва ҳам ба буҷаи онҳо фоида меорад, яъне онҳо дар Тоҷикситон ин ҳуҷҷати муҳимро ба даст меорад ва ба доми фиреб намеафтанд. Бисёр нафаронеро медонам, ки маблағҳои зиёдро ба миёнарав медиҳанд, то ки ин ҳуҷҷатро ба даст оранд. Хуб аст, ки чунин марказ кушода шуда, ба фаъолият шуруъ намояд, зеро муҳоҷири тоҷик бемушкилии зиёд ва бехавфу хатар онро ба даст орад.
Ҳамасола садҳо муҳоҷири тоҷик барои дарёфти кор ба Русия сафар мекунанд ва яке аз мабаъҳои даромади оилаашон Русия мегардад. Аксари муҳоҷирон дар ин кишвар бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гашта, ба доми фиреби қаллбон ва мардумфиребон меафтанд. Умедворем, ки бо таъсиси чунин марказ дар Тоҷикистон мушкили муҳоҷирони кории тоҷик камтар хоҳад гашт.