Нархи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд боз ҳам гарон шуд.
Дирӯз арзиши як литр гази моеъро дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Деваштич 7, 5 –8 сомонӣ фурӯхтанд. Як ҳафта қабл нархи як литри он 6, 8 – 7 сомонӣ буд.
Бинобар коҳиш ёфтани содироти маводи сӯхт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ камбуди бензину газ ба амал омадааст.
Ронандагон мегӯянд барои хариди маводи сӯхт дар навбат меистанд ва қиматии роҳкиро низ аз камбуди газу бензин аст.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон аз нархи асосии он дар кишварҳои тавлидкунанда вобаста аст, зеро ҷумҳурӣ ин маҳсулотро комилан аз хориҷ ворид мекунад.