arzon replenishment
Газетаро ба ҷойи дастурхон истифода бурдан мумкин аст?
19.11.2024
Оила
741

 

Бисёр одамон дар ҷойи кор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҷойи дастурхон газетаро истифода мебаранд. Шахсан ман чандин маротиба бо чашми худам дидам, ки чи тавр дар болои газета нон ва дигар анъвои хӯрокаро гузошта наҳор мехӯранд. Мехостам донам, ки ин амал раво ҳаст ё не?

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ин суол бисёр ҷолиб ва ғайримаъмулӣ аст. Истифода бурдани рӯзномаҳо ҳамчун дастархон барои хӯрокхӯрӣ, печонидани чизҳо бо он аслан ҷурм нест, агар рӯзнома тоза бошад, вале чиркин бошад ва ранги он ба саломатии инсон зарар орад, ҷоиз нест. Чун дар дини Ислом ҳар он чизе, ки ба саломатӣ зарар меоварад, иҷозат нест. Дигар ин ки агар дар саҳифаи рӯзнома оятҳои Қуръон ё зикри Аллоҳ таъоло бошад, дар ин сурат беэътиноӣ ба он ҷоиз нест. Хулосаи суоли шумо ин аст, ки болои рӯзномаҳо хӯрок нахӯред ва ба рӯзномаҷот беэҳтиромӣ накунед, беҳтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД