Якбора аз 1 сомонию 60 дирам то 2 сомонию 50 дирам боло рафтани нархи роҳкиро ба ҷайби хароби мардуми тоҷик зарбаи таъсирбаш зада бошад ҳам, ба хотири баланд будани нархи сӯзишворӣ ҳамагон ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, эътироз баён намекарданд, вале ду-се ҳафтаи охир қиммати маводи сӯхт, хусусан газ дар кишвар торафт поён рафта истодааст. Ҳафтаи гузашта нархи як литр газ дар нуқтаҳои фурӯш 7 сомониву 80 дирам буд, вале дар бадали 5-6 рӯзи охир арзиши он хеле поён рафта, то ба 6 сомонию 60 дирам расидааст. Қобили зикр аст, ки дар Вилояти Суғд нархи гази меоъ аз ин ҳам пасттар буда, як литр сӯзишвориро бо нархи 6 сомонию 30 дирам низ харидорӣ кардан мумкин аст.
Сабаби паст рафтани нархи гази моеъро масъулин дар афзоиши воридоти маводи сӯхт ба кишвар маънидод менамоянд. Қаблан Қазокистон таъминкунандаи асосии маводи сӯхти Тоҷикистон ба шумор мерафт, вале акнун аз Туркменистон ва Узбекистон низ ба миқдори калон гази моеъ ба кишвари мо фиристода мешавад. Ногуфта намонад, ки тибқи қарордоди Тоҷикистон ва Туркменистон маводи сӯхтро Туркменистон ба миқдори номаҳдуд ба кишвари мо интиқол хоҳад дод, бар замми ин, дар назар аст, ки минбаъд аз Русия ва дигар давлатҳо низ сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шавад.
Дар маҷмӯъ ба иттилоъи Пресса. ТЧ ба Тоҷикистон 410 ҳазор тонна гази моеъ ворид гашта, минбаъд боз ҳам поёнтар рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ имкон дорад. Тақрибан 60-70%-и нақлиёт дар кишвари мо маҳз бо гази моеъ ҳаракат мекунад, пас чаро нархи газ поён рафту арзиши роҳкиро поён намеравад?