Arzon march 2024
Гаҳвораи кӯдакро кӣ бояд бихарад: падараш ё бибиаш?
610


Дар мо анъана шудааст, ки пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гаҳвора бар дўши волидони зан аст. Дини ислом ба ин чӣ муносибат дорад?

Сарварой, н. Темурмалик.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Дар дини Ислом то ба балоғат расидани фарзанд таъмини хўроку пўшок, ҷойи зист ва дигар заруриёти зиндагӣ, инчунин табобати ў бар зиммаи падари фарзанд воҷиб аст, зеро Худованд дар ояти 233-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хўроку пўшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст”.

Аз ин ҷиҳат харидани гаҳвораи тифл бар зиммаи падари кўдак аст. Он чӣ дар анъанаи мардум аст, ба қоидаҳои дини ислом рабте надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД