Formula novemver 2024
Гастрит аз чӣ пайдо мешавад?
2315

 

Гастрит яке аз бемориҳои меъда мебошад, ки дар натиҷаи илтиҳоби пардаи луобии меъда сар мезанад. Эҳтимол шумо дар ҳайрат афтед, ки чи тавр меъда дар дохили бадан илтиҳоб мегирад. Гап дар сари он аст, ки пардаи меъда аз таъсири хӯроки барзиёду бадҳазм, тезу тунд, ҷӯш ё хунук, ғизои бадсифат ва нӯшокиҳои спиртӣ илтиҳоб мегирад.

Хӯрок гунаҳкор ё стресс?

Духтурони асабшинос мегӯянд, ки сарчашмаи ҳама бемориҳо ҳолати стресии шахс мебошад. Гастрит низ яке аз бемориҳоест, ки бештар бар асари асабонияти шадид сар мезанад. Нӯшокиҳои газдор ва хунук, ки аксаран ҷавонон менӯшанд, боиси хурӯҷ кардани беморӣ мегардад. Маҳз аз ҳамин сабаб шумораи гирифторони гастрид дар байни насли ҷавон бештар аст.

Нишонаҳои беморӣ

Гастрит шадид ва музмин мешавад, вале нишонаҳои беморӣ дар ҳар шахс ба таври гуногун зуҳур карда метавонанд. Маъмулан гастрит бо пайдо шудани ҳиссиёти нофорам дар сари меъда ва дамиш кардани шикам сар шуда, баъдан дилбеҳузурӣ ва оруғзанӣ пайд мешавад. Даҳон бемазза шуда, бемор гумон мекунад, ки ҳамеша даҳонаш пур аз об аст. Дар баъзе ҳолатҳо гастрит метавонад боиси пайдо шудани дарди сар ва андаке баланд шудани ҳарорати бадан гардад.

Чаро гастрит музмин мешавад?

Ҳама бемориҳо аз ҷумла дар марҳилаҳои аввал бенишона гузаранд ҳам, нисбат ба саломатии худ бепарвоӣ зоҳир кардан нашояд, зеро минбаъд шиддат гирифтани беморӣ имкон дорад. Гастритро дар оғози пайдоишаш бо риояи парҳез табобат кардан имконпазир аст.

Духутрон ба маризе, ки дар марҳилаи сабкукиин беморӣ қарор доранд, нӯшидани чойи гарм ва истеъмоли таомҳои бегӯшту равған, коклети дампухт ва нони қоқро тавсия медиҳанд. Дар давраи муолиҷа, ки якуним-ду ҳафтаро дар бар мегирад, хӯрдани сабзавот, мева, чака, гӯшти обпаз, моҳӣ, тухмбирён маслиҳат дда намешавад.

Гастрити музмин дар натиҷаи мунтазам вайрон кардани реҷаи истеъмоли хӯрок, масалан, дар соатҳои гуногун ва бемаврид хӯрдани миқдори зиёди ғизо, таоми тунду тез ё ҷӯш, бошитоб ва нодурустфурӯ бурдани луқма, инкишоф меёбад.

ГАСТРИТ РЕКЛАМА

 

Нӯшокиҳои спиртӣ- душмани саломатӣ

Яке аз сабабҳои асосии авҷ гирифтани гастрити музмин истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор мебошад, ки баробари ворид шудан ба меъда ба пардаи луобии он таъсири манфӣ расонида, кори ин узвро тағйир медиҳанд. Ҳамчунин, одамоне, ки бидуни тавсия ва назорати духтур баъзе доруҳо, аз қабилӣ кислотаи атсетилсалитсилат (аспирин) ва бутадионро мунтазам истеъмол менамоянд, ба гастрити музмин гирифтор мешаванд.

 

Оқибатҳои беморӣ

Дар сурати сари вақт табобат нагирифтан гастрит музмин ба рӯдаҳо низ осеби худро мерасонад. Ин беморӣ ҳамчунин метавонад касро ба иллатҳои дигар аз қабили варами меъда ва захми меъда гирифтор созад.

 

Роҳҳои пешгирии гастри

Барои пешгирии гастрити шадид ва музмин риоя кардани қоидаҳои санитарӣ ва диққат додан ба ғизои худ хле муҳим аст. Худдорӣ кардан аз истеъмоли озуқавории кӯҳнашуда, тунду тез, хунук ё баръакс аз ҳад гарм, даст кашидан аз нӯшокиҳои спирти шумро аз шарри ин беморӣ дар амон хоҳад дошт.

ГАСТРИТ РЕКЛАМА

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД