Гаронбаҳотарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон
69

Мавсими футболи соли 2025 дар мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олии Тоҷикистон ба охир расида, гаронбаҳотарин бозингарон муайян шуданд. Тибқи фарзияи "Transfrmarkt" дар раддабандӣ арзиши бозингарон аз рӯйи мавқеъҳо ва нархи ниҳоии дастаҳо ба инобат гирифта шудааст.

Ба рӯйхати гаронарзиштарин бозингарон 1 дарвозабон, 4 ҳимоятгар, 4 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил гаштаанд:

Дарвозабон

Евгений Гритсенко (30-сола) - 250 ҳазор евро.

Ҳимоягарон

Содиқҷон Қурбонов (22-сола) - 300 ҳазор евро.

Манучеҳр Сафаров (24-сола) - 300 ҳазор евро.

Табрез Исломов (27-сола) - 250 ҳазор евро.

Тони Бикатал (26-сола) - 200 ҳазор евро.

Нимҳимоятгарон

Эҳсони Панҷшанбе (26-сола) - 600 ҳазор евро.

Амирбек Ҷӯрабоев (29-сола) - 450 ҳазор евро.

Алишер Ҷалилов (32-сола) - 450 ҳазор евро.

Ҳамлагарон

Шервонӣ Мабатшоев (25-сола) - 350 ҳазор евро.

Нуриддин Ҳамроқулов (26-сола) - 300 ҳазор евро.

Мӯсо Қаҳҳоров (18-сола) - 250 ҳазор евро.

Арзиши умумии даста 3,70 млн евроро ташкил медиҳад.

Натиҷаҳои мусобиқоти қаҳрамонии соли 2025

Дар мавсими имсола дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бори 14-ум унвони қаҳрамониро соҳиб шуда, “Вахш”-и Бохтар сазовори медалҳои нуқра ва КМВА (ЦСКА)-и пойтахт сазовори медалҳои биринҷии мусобиқот гаштанд.

Зинаҳои баъдиро “Равшан”-и Кӯлоб, “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, “Эсхата”-и Хуҷанд, “Барқчӣ”-и Ҳисор, “Ҳосилот”-и Фархор”, “Истаравшан”-и Истаравшан ишғол намуда, “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар зинаҳои охири ҷадвал қарор гирифтанд ва Лигаи олиро тарк мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД